Мубин Эргашев: “Аз бачаҳо барои худфидоияшон миннатдорам” – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: “Аз бачаҳо барои худфидоияшон миннатдорам”

Сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев аз бачаҳо розӣ буда, ба онҳо барои худфидоияшон дар бозӣ бо “Аҳал” (5:2) арзи сипоси самимонаи худро баён кард.

 

Мубин ЭРГАШЕВ, сармураббии “Истиқлол”:

– Пеш аз ҳама, мехостем, миннатдории самимонаамонро ба мухлисоне, ки ба варзишгоҳ омада моро дастгирӣ карданд, баён намоем. Он гуна, ки қаблан ҳам гуфтам, “Аҳал” рақиби ҷиддиву муносиб аст ва имрӯз моро маҷбур кард, ки асабӣ ҳам шавем. Аз бачаҳо, ситоди мураббиён ва роҳбарият сипосгузорам, ки вазифаро иҷро карда тавонистем.

Ин бозӣ то чӣ андоза мураккаб буд?

– Ман ба бозигарони худ боварӣ доштам. Хушбахтона, онҳо ҳамаи дастурҳоро иҷро карданд. Бо вуҷуди ҷой доштани камбудиҳои сатҳӣ, футболбозон дар маҷмӯ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаашон баромаданд. Вазифаи асосӣ дар бозии имрӯза, ҳарифтро ба нимаи майдони худаш кашидан буд., ки мо ба он муваффақ шудем. Хеле олист, вақте ки ҳама чӣ хуб анҷом мешавад.

– Баъд аз бозии аввал бо “Эрбил”, ки дар он “Истиқлол” бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуд, шумо гуфтед, ки баъзе СМС паёмакҳое гирифтет, ки бадхоҳон аз ин бохт шодӣ ҳам мекараданд. Ба онҳо гуфтание доред?

– Не, чизе гуфтан намехоҳам. Ташаккур ба дӯстон, пайвандон, хонавода ва ҳамаи онҳое, ки пеш аз бозӣ ба мо комёбӣ таманно карданд.

– Шумо то оғози мусобиқа боварӣ доштед, ки дар гурӯҳ ҷои аввалро соҳиб мешавед?

– Албатта, не. Дар ҳар сурат, агар натиҷа манфӣ ҳам мешуд, барои мо натиҷа буд. Клуби мо дар чунин сабқати бонуфуз бори аввал иштирок мекунад ва бачаҳо таҷриба мегиранд. Бисёр хуб аст, ки дар чунин гурӯҳи пурқувват мо зинаи якумро ишғол кардем.

– Дар бораи бозии навбатии 1\8 ниҳоӣ, ки рақиби шумо “Ал-Ваҳда”-и Сурия аст,  якчанд ҷумла мегуфтед?

– Айни ҳол дар бораи ин бозӣ фикр намекунем. Баъд аз фардо ба омӯзиши ҳариф оғоз хоҳем кард.

Имрӯз дастаи шумо ду гол сар дод. Ин магар зиёд нест?

– Баъди он ки мо голи якумро задем, футболи кушод шурӯъ шуд ва бачаҳоро манъ кардан мушкил буд. Ҳариф дар ҳуҷумҳои  ҷавобӣ ба задани ду гол муваффақ шуд.

“Истиқлол” зинаи якумро ишғол кард. Ин тасодуфӣ аст ва ё қонунияти объективӣ?

– Қонунияти объективӣ. Имрӯз дар клуби мо бозигарони хуб ҷамъ оварда шуданд, ки қодиранд вазифаҳои ҷиддиро ҳал кунанд. Сину солашон ҳам ба ин мувофиқат мекунад ва зинаи якуми гурӯҳро ишғол кардани “Истиқлол” мутлақо одилона аст.

Дар бозӣ иштирок надоштани Дилшод Восиев эҳсос мешуд?

– Бале, дар ҳолатҳои муайян, аммо дар мо коллектив муттаҳид аст.

Манучеҳр ҶАЛИЛОВ, хамлагари «Истиқлол», беҳтарин бозигари вохӯрӣ:

– Ба мухлисон ташаккур барои дастгирияшон! Онҳо имрӯз моро бисёр хуб дастгирӣ карданд. Фикр мекунам, маҳз, бо дастгирии онҳо мо муваффақ шудем, ки бозии нағзнишон диҳем. Ман бисёр хурсандам, ки ба марҳилаи 1\8 ниҳоӣ баромадем.

– Голҳои худро ба кӣ бахшидед?

– Баъди голи якумро задан ба Аллоҳ таъзим кардам. Голи дуюмро ба волидонам бахшидам. Ба ҳамдастаҳоям барои партофтҳои бамавридашон изҳори ташаккур мекунам. Ин голҳо маҳсули заҳмати ҳамдастаҳои ман ҳастанд.

Баъди задани гол шумо ҷониби минбари мухлисон давида чизе мегӯед. Метавонем бифаҳмем, ки маҳз чӣ мегӯед?

– Ман ҷониби минбари мухлисон давида, падарамро меҷӯям ва фарёд мезанам: “Ота, ота!!!” (механдад)

– Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО шумо ба қадри кофӣ гол задед. Кадоме аз ин голҳо бароятон арзиши бештар дорад?

– Голи аз ҳама аввал ба дарвозаи “Ал-Қадсия” дар Кувайт. Ин барои ман бисёр голи муҳим буд, зеро бо он ман ҳисоби голҳои худро дар ин мусобиқа боз кардам.

_DSC0459

Добавить комментарий