Мубин Эргашев ҳайати мунтхаби миллии Тоҷикистонро ба бозӣ бо Австралия эълон кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев ҳайати мунтхаби миллии Тоҷикистонро ба бозӣ бо Австралия эълон кард

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев ҳайати дастаро ба бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Австралия, ки рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, эълон кард.

Ба бозии дарпешистода бо тими миллии Австралия Мубин Эргашев 24 нафар бозигаронро даъват кардаст. Аз ин шумора 11 нафарашон бозигарони “Истиқлол”-и Душанбе ҳастанд, ки айни ҳол онҳо аз полуфинали Ҷоми КФО-2015 ҳамагӣ дар масофаи як қадам қарор доранд. Панҷ нафар бозигарони “Хуҷанд” ва ҳамин қадар бозигарони “Регар-ТадАЗ” ба ҳайати тими миллӣ даъват шуданд. “Хайр”-и Ваҳдатро дар ин ҳайат як нафар бозигар намояндагӣ мекунад. Ду нафар легионерҳои мо – Фарҳод Восиев аз “Газовик”-и Русия ва Давронҷон Эргашев аз “Жетису”-и Қазоқистон низ ба тими миллӣ даъват шуданд.

Дар муқоиса бо ду бозии қаблии тимии миллии Тоҷикистон бо Урдун (1:3) ва Бангладеш (1:1) ҳафт нафар бозигарон – дарвозабон Қурбоналӣ Бобоев (“Истиқлол”), муҳофизатгарон Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”), Соҳиб Саванқулов (“Истиқлол”), ниммуҳофизон Умедҷон Шарипов, Ромиш Ҷалилов (ҳар ду аз “Истиқлол”), Иброҳим Рабимов (“Хуҷанд”) ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров (“Хуҷанд”) ба ҳайати мунтахаби миллӣ даъват нашуданд.

Ба ҷои онҳо ба мунтахаби миллӣ дарвозабон Миралӣ Муродов (“Хайр”), муҳофизатгар Манучеҳр Аҳмадов (“Хуҷанд”), ниммуҳофизон Ҷаҳонгир Алиев, Бахтиёр Чориев (ҳар ду аз “Хуҷанд”), Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов (ҳар ду аз “Регар-ТадАЗ”), инчунин ҳамлагар Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”) даъват шудаанд. Аз ин бозигарон бори аввал аст, ки ниммуҳофизатгар Ҷаҳонгир Алиеви 19-солаи хуҷандӣ ба тими миллии кишвар даъват мешавад.

Мутаассифона бо сабаби ду корти зард доштан, муҳофизатгари марказии “Истиқлол” ва мунтахаби миллӣ Сиёвуш Асроров дар бозӣ бо Австралия иштирок намекунад.

Омодагиро бо бозӣ бо Австралия мунтахаби миллии мо пагоҳ 29 август дар Душанбе оғоз мекунад.

Қайд мекунем, ки бозии даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни тимҳои миллии Тоҷикистону Австралия рӯзи 8 сентябр соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Ин бозиро ҳайати доварон аз Баҳрайн ҳакамӣ мекунанд. Сардоварӣ бозӣ рефери 42-солаи ФИФА Ҷамил Ҷума Абдулҳусайн таъин шудааст, ки сар аз соли 2010-ум 32 бозии расмии байналмилалиро доварӣ намудаст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш Муҳаммад Ҷафар Муҳаммад Салмони 35-сола ва Наваф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Абдулазиз Юсуф Абдулло ба ӯҳда дорад. Нозири доварон Масуд Муродӣ аз Эрон ва комиссари вохӯрӣ Ту Силианг аз Ҷумҳурии Чин таъин шудаанд.

Баъд аз бозии даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия, ки бозии лотореяи варзишӣ доир хоҳад шуд. Дар бозии лотореяи варзишӣ миёни мухлисон тӯҳфаҳои қимматбаҳо – се адад смартфонҳои Samsung S6 ва ҳамин қадар смарт-соатҳои Samsung Gear S бозӣ доронда мешаванд. Нархи билетҳои муқаррарии бозӣ 20 сомонӣ ва барои “сектори сабз” 100 сомонӣ муайян шудаст.

 

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозӣ бо Австралия:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Миралӣ Муродов («Хайр»);

Муҳофизон: Фарҳод Восиев («Газовик», Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов (ҳама аз  «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Манучеҳр Аҳмадов (ҳар ду аз «Хуҷанд»), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»);  

Ниммуҳофизон: Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Алиев, Бахтиёр Чориев (ҳар ду аз «Хуҷанд»), Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов (ҳар ду аз «Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов («Хуҷанд»).

Добавить комментарий