Мубин Эргашев: «Агар «Истиқлол» ба чорякфинал барояд, он вақт мӯи сарамро тоза метарошам» – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: «Агар «Истиқлол» ба чорякфинал барояд, он вақт мӯи сарамро тоза метарошам»

Сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе Мубин Эргашев назари худро оиди бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО бо «Эрбил»-и Ироқ баён сохта, инчунин ваъда кард, ки дар сурати ба марҳилаи чорякфиналӣ баромадани «Истиқлол» мӯи сарашро тоза метарошад.

Мубин ЭРГАШЕВ, сармураббии «Истиқлол»:

– Новобаста аз он, ки айни ҳол дар зинаи охири ҷадвали гурӯҳ қарор дорад, «Эрбил» бисёр рақиби ҷиддӣ мебошад. Дастаи ироқӣ дар бозии даври аввал бар мо ғолиб шуда буд ва пагоҳ аз дақиқаҳои аввал моро бисёр бозии душвор интизор аст. «Эрбил» бисёр дастаи пурқувват мебошад. Мо то андозае тарзи бозии «Эрбил»-ро омӯхтев ва пагоҳ барои ба даст даровардани натиҷаи дилхоҳ кӯшиш мекунем. Ҳамаи бачаҳо барои бозии пагоҳ омодаанд ва кӯшиш мекунем, ки пагоҳ қусури бохти аввалро барорем.

– Пеш аз оғози бозиҳои Ҷоми КФО, шумо дар вохӯрӣ бо мухлисони «Истиқлол» ваъда кардед, ки дар сурати аз гурӯҳ баромадан тайёред, ки мӯи сари худро тоза тарошед. Оё имрӯз дар ин ваъдаи худ устувор ҳастед?

– Биёед аввал аз гурӯҳ бароем. Ман, албатта, дар ваъдаи худ устувор ҳастам. Аммо ман гуфта будам, ки дар сурати ба бозиҳои якчор финал баромадан ин корро мекунам. Ва агар ба чорякфинал бароем, албатта, ваъдаро иҷро карда, мӯи сарамро тоза метарошам.

Бледа РОДРИГЕС, ҳамлагари «Истиқлол»:

– Мо ба ин ҷо бо мақсади ғалаба кардан омадем. Медонем, ки «Эрбил» бисёр дастаи пурқуват аст. Дар пеш моро ниҳоят бозии душвору мураккаб интизор аст. Аммо барои амалӣ кардани мақсади худ тамоми имкониятҳоро истифода мекунем.

DSC_3954(1)

Добавить комментарий