Муҳсин Муҳаммадиев аз вазифааш истеъфо дод – Федерация Футбола Таджикистана

Муҳсин Муҳаммадиев аз вазифааш истеъфо дод

Сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев аз вазифааш истеъфо дод.

Муҳсин Муҳаммадиев аз вазифаи сармураббигии мунтахаби миллии кишвар ба истеъфо рафтани худро чунин шарҳ дод: “Баъди оғози бебарори мунтахаби миллӣ дар бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018, ки мо аз ду вохӯрӣ ҳамагӣ як имтиёзро соҳиб шудем, ман қарор кардам, ки аз вазифа равам. Ман бисёр афсӯс мехӯрам, ки кори умумии мо натиҷаи хуб надод ва ба ин тарз анҷом шуд. Ҳамаи масъулиятро барои чунин натиҷа бар дӯши худ мегирам. Ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бахусус ба президенти Федератсия Рустами Эмомалӣ ва ноиби аввали президент Хуршед Мирзоев барои дасгириву кӯмакашон сипосгузории самимонаи худро баён мекунам. Инчунин ба бозигарони тими миллӣ барои фаъолияти якҷоя ва ба мухлисон барои мунтахаби кишварро дастгирӣ намуданашон изҳори ташаккур мекунам”.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Муҳсин Муслимович Муҳаммадиев барои фаъолияти якҷоя миннатдорӣ баён охта, ба ӯ дар оянда, дар кори мураббигӣ муваффақиятҳоро таманно менамояд.

Добавить комментарий