Муҳсин Муҳаммадиев: «Аз чунин бозии беҳунарона пеши мухлисон шармам меояд» – Федерация Футбола Таджикистана

Муҳсин Муҳаммадиев: «Аз чунин бозии беҳунарона пеши мухлисон шармам меояд»

Сармураббии тими миллии кишвар Муҳсин Муҳаммадиев натиҷаи бозии бохтаи тими миллиро дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 1 бар 3 натиҷагирӣ намуда, иброз кард, ки: “Аз чунин бозии беҳунаронаи даста пеши мухлисон шарм мекунад”.

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон:

“Ин бозиро боз чӣ гуна метавон тафсир кард? Мунтахаби Урдун нисбати мо хуб бозӣ кард ва ғолиб шуд. Росташро гӯям дар назди мухлисон бо чунин бозӣ хиҷолат мекашам. Имрӯз ин қадар мухлисони зиёд ба варзишгоҳ омаданд, аммо мо бисёр беҳунарона бозӣ кардем.  Ман бисёр дар тааҷубам ва чунин вазниниро бори аввал дар бачаҳо мебинам. Шояд онҳо зиёд дар ҳаяҷон шуда бошанд. Мо инро таҳлил мекунем, аммо бори дигар мегӯям, ки аз чунин бозӣ дар назди мухлисон хиҷолат мекашам. Ин хел бозӣ карадан лозим нест. Ҳарифро бояд эътироф кард. Сатҳи бозии онҳо баландтар аст. Мо кӯшиш кардем, аммо айни замон онҳо пурқувваттар ҳастанд. Аз бозигарон Манучеҳр Ҷалилов каму беш дар дараҷаи худ бозӣ кард. Ӯ метавонист боз гол занад. Ба дарвозабонамон барои бозии хубаш сипосгузорӣ мекунам. Дар чанд вазъияти ноқулай дарвозаро аз гол эмин дошт. Вақте ки даста бозиро бой медиҳад, ҳамаи даста бад бозӣ мекунад.  Ва боз мехостам, ки легионерҳои мо сари вақт ба ҳайати даста ҳамроҳ мешуданд”.

Добавить комментарий