Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев, пас аз бозӣ бо тими миллии Бангладеш (1-1) аз бозии футболбозони худ норозигӣ зоҳир намуд.
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии кишвар, баъди бозии даври дуюми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” бо тими миллии Бангладеш, ки бо ҳисоби баробари 1-1 ба анҷом расид, аз бозии футболбозони худ ва инчунин аз баъзе тасмимҳои сардовари бозӣ изҳори норозигӣ кард.
Дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ дар Дакка роҳбари мунтахаби миллии Тоҷикистон, чунин гуфт: “Довар тамоми бозиро расво кард. Гол ба дарвозаи мо баъди ҷарима, ки беасос буд, зада шуд. Ду бозигари рақиб бо оринҷи даст ба чашми Аҳтам Назаров мезананд, вале сардовар ба ин аҳамият намедиҳад. Дар мавриди ночизтарин вайрон кардани қоида, ба бозигари мо корти сурх нишон медиҳад. Ин дар футбол номумкин аст. Бар замми ин ба намояндагони Федератсияи футболи Бангладеш зарур буд, ки масъалаҳои ташкилиро хубтар ҳал намоянд. Мо то тамрингоҳ дуним соат роҳро тай кардем ва ҳамин қадар вақт барои бозгашт ба меҳмонхона сарф шуд. Дар ягон ҷой дар ҷаҳон чунин муносибат нест.
Дар бораи рақиб бошад, ҳаминро гуфтаниам, ки мунтахаби Бангладеш хоҳиши зиёд дошт. Вале агар сардовар имрӯз ду бозигари моро аз майдон меронд, мо бозиро бой намедодем. Мо вазъиятҳои хеле бисёри голзанӣ доштем, вале аз онҳо истифода карда натавонистем. Дар ду-се ҳолат бозигарони мо аз масофаи се метр тӯбро ба ҳадаф расонида натавонистанд. Ва агар мо имрӯз бой медодем, ноҳаққӣ мешуд”.
– Оё Шумо аз бозии имрӯзаи дастаатон қаноатмандед?
– Чӣ гуна ман метавонам қаноатманд бошам, ки мо пирӯз нашудем? Бозӣ ба ман маъқул нашуд.
– Пас сабаби натиҷаи ғайриқаноатбахш бароятон дар чист?
– Мо дар фурудгоҳи Дубай, ки ба ин ҷо меомадем, вақти бисёр гузарондем. Қариб ки хоб накардаем. Ин дар футбол омили бузург аст. Бинобар ин дар қисми аввали бозӣ бозигаронамон хуб давида наметавонистанд. Бар замми ин дар ин ҷо намнокӣ хеле зиёд аст. Вале ман фикр мекунам вақте ки Бангладеш баДушанбе меояд, дар он ҷо кор тамоман ранги дигар мегирад.
– Шумо аз рақибатон чунин чобукиро интизор будед?
– Мо ба бозӣ омодагӣ дидем, бозиҳои Бангладешро тамошо кардем, яъне рақиб маълум буд. Мо медонистем, ки дар ҳолатҳои маъмулӣ хавфнок аст, вале мо имрӯз бартарӣ доштем, ҳатто замоне ки даҳ нафар бозӣ кардем. Тавонистем ҳисобро баробар намоем, ҳатто метавонистем боз гол занем. Ва чунин меҳисобам, ки кори мунтахаби Бангладеш имрӯз омад кард.