“Мерседес”-ро нафақахӯри ваҳдатӣ бурд кард – Федерация Футбола Таджикистана

“Мерседес”-ро нафақахӯри ваҳдатӣ бурд кард

Баъд аз анҷоми бозии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 байни мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун (1:3) бозии лотореяи варзишӣ доир гардид. Дар ин бозӣ телефони “iPhone 6”-хонандаи синфи 10-и макатаби таҳсилоти миёнаи умумии № 67 ноҳияи Рӯдакӣ Суннатулло Давлатов, планшети “iPad”-ро устоди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қутбиддин Муқимов ва тӯҳфаи асосӣ автомобили тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро нафақахӯр аз шаҳри Ваҳдат Абдураҳмон Назаров бурд карданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ғолибонро ба бурдҳояшон самимона табрик мекунад.

Добавить комментарий