“Мерседес”, “iPhone 6” ва “iPad” тӯҳфа дар бозии Тоҷикистон – Урдун – Федерация Футбола Таджикистана

“Мерседес”, “iPhone 6” ва “iPad” тӯҳфа дар бозии Тоҷикистон – Урдун

Рӯзи 11 июн, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дружинаи Муҳсин Муҳаммадиев мунтахаби миллии Урдунро қабул мекунад. Ин бозӣ, ки соати 20.00 баргузор хоҳад шуд, бозии нахустини мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии гурӯҳии ҶҶ-2018 мебошад. Мунтахаби миллии мо, дар доираи бозиҳои ин сабқат, дар гурӯҳи “В” бо мунтахабҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мухлисони футболи кишвар дар ин бозӣ навгонии махсусе омода кардаст. Ҳамаи мухлисони ба варзишгоҳ омада соҳиби имконияти бурд кардани тӯҳфаҳоро доранд. Билетҳои бозиро харидорӣ карда, шумо соҳиби ин имконият мешавед ва шахси хуштолеъ аз варзишгоҳ савори “Мерседес”, “iPhone 6” ва ё ки “iPad” дар бағал аз варзишгоҳ берун мешавад. Билетҳо аз 6 июн ба фурӯш бароварда мешаванд ва шумо метавонед, ки онҳоро аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва мағозаҳои либоси варзишии “Joma” ва “Адидас” харидорӣ намоед. Арзиши як дона билети муқаррарӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 15 сомониро ташкил мекунад.

Ёдовар месозем, ки аллакай, VIP-билетҳо ба бозии мазкур ба фурӯш бароварда шуданд.  Шахсоне, ки VIP-билетҳоро харидорӣ мекунанд, бозии тими миллии кишварро аз нишастгоҳи бофароғати VIP-ложаи варзишгоҳ тамошо хоҳанд кард. Вурудшавӣ ба варзишгоҳ низ тавассути VIP-даромадгоҳи махсус сурат мегирад. Дар танаффуси бозӣ дорандагони VIP-билетҳо бо ғизо таъмин карда мешаванл.

Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст. Ҳамаи билетҳо тариқи дархости пешакӣ фурӯхта мешаванд. Нархи як дона VIP-билет 700 сомониро ташкил медиҳад. VIP-билетҳоро метавонед бо телефонии 98-755-35-35 дархост кунед.

Добавить комментарий