Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳамроҳи расмии Лигаи футболи Тоҷикистон шуд.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Лигаи футболи Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба тасвиб расонида шуд. Санади мазкурро дар ҳузури ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори иҷрокунандаи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Денис Никитин имзо карданд.
«Дастгирии футболи касбӣ дар Тоҷикистон яке аз ҷанбаҳои асосии фаъолияти ширкати мо мебошад. Мувофиқи ин шартнома мо ният дорем, ки ба Лигаи футболи Тоҷикистон кӯмаки ҷиддӣ расонем», – гуфт баъд аз ба имзо расонидани шартнома директори иҷрокунандаи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Денис Никитин.
Дар навбати худ директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов басташавии шартнома бо ширкати «МегаФон Тоҷикистон»-ро қадами устувор дар рушду инкишофи футболи тоҷик шуморида, ба ширкати мобилӣ барои дастгирӣ намуданашон аз футболи касбӣ сипосгузорӣ баён намуд.
«Мо хеле хушнуд ҳастем, ки дар симои як ширкати хеле бузург ҳамчун «Мегафон» шарики боъэтимод пайдо кардем. Боварӣ дорам, ки ҳамкориҳои аз ҳарду ҷониб судманд буда, на фақат як сол давом мекунанд», – қайд кард Алишер Урунов.