Мавсими нави мусобиқоти Лигаи касбии футзал оғоз меёбад – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими нави мусобиқоти Лигаи касбии футзал оғоз меёбад

Рӯзи якшанбе, 9-уми апрел мавсими нави мусобиқоти Лигаи касбии футзал оғоз меёбад ва дар он 8 даста ширкат варзида, дар 4 марҳала барои унвони чемпионӣ бо ҳам мубориза мебаранд.

Ин мавсими чоруми бозиҳои Лигаи кабии футзали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ дар Лигаи футзали Тоҷикистон дастаҳои «ДИСИ Инвест», «Соро компания», «Сино», «Хадамоти алоқа» (ҳама аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуросон» (Истаравшан), «Сипар» (Хуҷанд) ва «Самандар» (Турсунзода)  иштирок мекунанд.

Дастаҳои «Хадамоти алоқа», «Равшан» ва «Хуросон» бори аввал ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.

Дар бозиҳои даври якум, 9 апрел, дастаҳои «ДИСИ Инвест» бо «Самандар», «Соро компания» бо «Сипар», «Хадамоти алоқа» бо «Сино» ва «Равшан» бо «Хуросон» қувва месанҷанд.

Ёдрас мешавем, ки ғолиби имсолаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё байни клубҳо дар мавсими соли 2018 иштирок мекунад.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2017

Даври 1

9 апрел (якшанбе)

«ДИСИ Инвест» – «Самандар»

«Соро компания» – «Сипар»

«Хадамоти алоқа» – «Сино»

«Равшан» – «Хуросон»

 

Даври 2

15 апрел (шанбе)

«Самандар» – «Хуросон»

«Сино» – «Равшан»

«Сипар» – «Хадамоти алоқа»

«ДИСИ Инвест» – «Соро компания»

Добавить комментарий