Мавсими нави бозиҳои футзал оғоз ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими нави бозиҳои футзал оғоз ёфт

Рӯзи якшанбе, 9-уми апрел бо баргузории се бозии Лигаи касбии футзал мавсими нав дар ин Лига оғоз ёфт.

Дар аввалин бозӣ дастаи «Сино» бар «Хадамоти алоқа» бо ҳисоби 7:4 ғалаба кард. Чемпиони соли гузаштаи мамлакат «ДИСИ Инвест» дастаи «Самандар»-и Турсунзодаро меҳмондорӣ карда, ба дарвозааш 6 голи беҷавоб зад. Дар нимаи аввал то 10 дақиқаи анҷоми вохӯрӣ футзалистони дастаи «Самандар» фишори «ДИСИ Инвест»-ро бартараф карда, натиҷаи барои худашон мувофиқ – 0:0-ро нигоҳ доштанд, аммо дар 10 дақиқаи поёни бозӣ хати ҳимоя шикаста шуд ва 6 гол пай дар пай вориди дарвозаи меҳмонон гардид.

Ду дастаи беҳтарини мусобиқот-«Соро Компания» ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар даври аввал ба дидори ҳам рафтанд.  Нимаи аввал бо ҳунарнамоии баробари дастаҳо ҷамъбаст шуд. Дар дақиқаи 8-уми Соҳиб Рауфов аз дастаи «Соро Компания» ҳисобро боз кард. Некрӯз Алимуҳаммадов  баъди чанд лаҳза натиҷаи бозиро мусовӣ гардонид. Дар нимаи дуввум шогирдони Пайрав Воҳидов, ки дастаи «Сипар»-ро ба ҳайси сармурабби имсол қабул кард ва дастаи мунтахаби ҷавонони кишварро машқ медод, бо ду голи Файзали Сардоров ва голи Ҳотамшо Раҳмонов ва Некрӯз Алимуҳаммадов  натиҷаро ба 5:1 расонида, соҳиби аввалин пирӯзӣ гаштанд.

 

Лигаи касбии фуизали Тоҷикистон. Даври 1

«Хадамоти алоқа» – «Сино» – 4:7

Голҳо: Оқилов,  6 – автогол (1:0). Каримов, 7 (1:1). Севалов, 13 (2:1). Абдулманонов, 15 (2:2). Каримов, 21 (2:3). Сабуров, 22 (2:4). Абдулманонов, 24 (2:5). Рабиев, 27 – автогол (3:5). Холов, 35 (4:5). Очилдиев, 37 (4:6). Абдулманонов, 39 (4:7).

Бозингари беҳтарин: Зоир Каримов («Сино»).

Сардовар: Олим Норбоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Суҳроб Ашӯров (Душанбе).

 

«ДИСИ Инвест» – «Самандар» – 6:0

Голҳо: Тиллозода, 28 (1:0). Раҳмонов, 29 (2:0). Ҳамидов, 30 (3:0). Саломов, 32 (4:0). С. Гуляков, 37 (5:0). Шарифов, 39 (6:0).

Бозингари беҳтарин: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»).

Сардовар: Эркин Мадибоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Сӯҳроб Ашӯров (Душанбе).

 

«Соро компания» – «Сипар» –  1:5

Голҳо: Рауфов, 8 (1:0). Алимаҳмадов, 12 (1:1). Алимаҳмадов, 25 (1:2). Раҳмонов, 32 (1:3). Сардоров, 34 (1:4). Сардоров, 40 (1:5).

Бозингари беҳтарин: Файзалӣ Сардоров («Сипар»).

Сардовар: Эркин Мадибоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Фурқат Ахмеджанов (Душанбе).

Добавить комментарий