Мавсими футбол дар лигаи якуми Тоҷикистон 14-уми апрел оғоз меёбад – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими футбол дар лигаи якуми Тоҷикистон 14-уми апрел оғоз меёбад

Мавсими футбол дар лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон 14-уми апрел оғоз меёбад ва  дар он 12 даста барои медалҳои мусобиқа дар ду марҳала бо ҳам мубориза мебаранд.

Тавре муовини директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов хабар дод, бозиҳои даври якум 14-16-уми апрел гузаронида мешаванд. 14-уми апрел дастаҳои   «Кӯктош» бо «Зарбдор» ва «Равшан» бо «Маҳаллаи-83», 15-уми апрел «Зарафшон» бо «Эсхата», «Ваҳдат» бо «Сомон» ва «Парвоз» бо «Ҳулбук» қувва месанҷанд. Бозиҳои дари якум, 16-уми апрел бо бозии байни дастаҳои «Локомотив-Помир» бо «Саройкамар» ҷамъбаст мешаванд.

 

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 1

14 апрел (ҷумъа)

Оғоз соати 16:00

«Кӯктош» – «Зарбдор»

«Равшан» – «Маҳаллаи-83»

15 апрел (шанбе)

Оғоз соати 16:00

«Зарафшон» – «Эсхата»

«Ваҳдат» – «Сомон»

«Парвоз» – «Ҳулбук»

16 апрел (якшанбе)

Оғоз соати 16:00

«Локомотив-Помир» – «Саройкамар»

Добавить комментарий