Марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2016: ғалабаи «Помир» бар «Сомон» дар бозии аввал – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2016: ғалабаи «Помир» бар «Сомон» дар бозии аввал

Дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ имрӯз, 8 июн, бозии якуми марҳилаи пешакии мусобиқа барои баромадан ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 байни дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Сомон»-и Данғара баргузор шуд.

Бозӣ бисёр шавқовару тамошобоб ва диданиву ҷаззоб сурат гирифта, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Голҳои ғолибонро Шаом Шамсиев, Тоҳир Малодустов ва Далер Ёдгоров ба нишон расонданд. Голҳои дастаи «Сомон»-ро, ки дар ин мусобиқа  лигаи дуюми Тоҷикистонро намояндагӣ дорад, Фурқат Холбобоев ва Бахтовар Наҷмиддинов заданд.

Бозии ҷавобӣ рӯзи сешанбеи 14 июн дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд. Оғози бозӣ соати 17:30.

 

Ҷоми Тоҷикистон. Марҳилаи пешакӣ. Бозии якум

«Помир» – «Сомон» – 3:2

Голҳо: Фурқат Холбобоев, 23 (0:1). Шаҳром Самиев, 48 (1:1). Тоҳир Малодустов, 62 (2:1). Бахтовар Наҷмиддинов, 72 (2:2). Далер Ёдгоров, 81 (3:2).

«Помир» (Душанбе): Рустам Давлатов, Муҳаммадзарифи Абдураҳим (Ислом Ғоибов, 55), Султоншо Мирзоев, Манучеҳр Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Фаридун Неъматов, Саидмухтор Азимов (Шарифҷони Абдувосид, 77), Шервони Мабатшоев (Искандар Солиев, 80), Далер Ёдгоров, Шаҳром Самиев (Тоҳир Малодустов, 53), Ваҳдат Ҳанонов.

«Сомон» (Данғара): Маҳмуд Ҷӯраев, Нуруллоҳ Муродзода, Самандар Шарипов, Хуршед Халилов (Шаҳоб Ҳусейнов, 87), Амир Маҷидов, Шараф Саидов, Диловар Саидов, Алишер Баротов, Ануршервони Қобилҷон, Бахтовар Наҷмиддинов, Фурқат Холбобоев (Суҳайли Валиев, 66).

Огоҳонида шуданд: Шаҳром Самиев, Ҳусейн Нурматов («Помир»), Амир Маҷидов, Алишер Баротов, Диловар Саидов («Сомон»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Далер Ёдгоров («Помир»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 6,5 хол.

Нозири бозӣ: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

8 июн. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Добавить комментарий