Марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе оғоз шуд

Имрӯз, 10 феврал, дар майдони сабзааш маснӯии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз шуд.  Дар марҳилаи пешакии мусобиқа дар минтақаи Душанбе ҳашт даста иштирок доранд, ки 5 даста лигаи олӣ ва 3 даста лигаи якуми Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Бозиҳои марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе мувофиқи системаи даврӣ дар як қисм баргузор мешаванд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст чор дастаи пешсаф ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз 1 то 12 март дар Душанбе доир мешавад.

Дар рӯзи ифтитоҳи мусобиқа дар минтақаи Душанбе ду бозӣ доир шуд, ки дар онҳо «Регар-ТадАз» бар «Помир» бо ҳисоби 2 бар 1 ва «Хайр» бар «Барқи тоҷик» бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуданд. Барандаи феълии Ҷом «Истиқлол»-и пойтахт дар сабқати исола бо ҳайати омехтаи иборат аз бозигарони ҳам ҳайати ҷавонон ва ҳам ҳайати асосӣ баромад хоҳад кард. Дружинаи Мубин Эргашев баромадашро дар мусобиқа рӯзи 11 феврал аз бозӣ бо КМВА «Помир»-и Душанбе шурӯъ мекунад.

 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Даври 1-ум

«Помир» – «Регар-ТадАЗ»  – 1:2

«Барқи тоҷик» – «Хайр» – 0:2

«Кӯктош» – «Локомотив» – 6:0

КМВА «Помир» – «Истиқлол» – 1:0

 

Даври 2-юм

12 феврал (ҷумъа)

10:30 – «Помир» – «Барқи тоҷик»

15:00 – «Хайр» – «Кӯктош»

13 феврал (шанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

15:00 – «Локомотив» – КМВА «Помир»

 

Даври 3-юм

14 феврал (якшанбе)

10:30 – «Кӯктош» – «Помир»

15:00 – «Барқи тоҷик» – «Регар-ТадАЗ»

15 феврал (душанбе)

10:30 – КМВА «Помир» – «Хайр»

15:00 – «Истиқлол» – «Локомотив»

 

Даври 4-ум

16 феврал (сешанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Локомотив»

15:00 – «Хайр» – «Истиқлол»

17 феврал (чоршанбе)

10:30 – «Помир» – КМВА «Помир»

15:00 – «Барқи тоҷик» – «Кӯктош»

 

Даври 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

10:30 – «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – КМВА «Помир» – «Барқи тоҷик»

19 феврал (ҷумъа)

10:30 – «Истиқлол» – «Помир»

15:00 – «Локомотив» – «Хайр»

 

Даври 6-ум

20 феврал (шанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Хайр»

15:00 – «Помир» – «Локомотив»

21 феврал (якшанбе)

10:30 – «Барқи тоҷик» – «Истиқлол»

15:00 – «Кӯктош» – КМВА «Помир»

 

Даври 7-ум

24 феврал (шанбе)

10:30 – «Локомотив» – «Барқи тоҷик»

15:00 – «Хайр» – «Помир»

25 феврал (панҷшанбе)

10:30 – КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош»

Добавить комментарий