Марҳилаи ниҳоии лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи ниҳоии лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» шурӯъ шуд

Дар майдончаҳои хурди футболбозии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, рӯзи якшанбеи 22 январ, марҳилаи ниҳоии лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» оғоз шуд. Дар мусобиқа дастаҳои  футболи кӯдаконаи кӯчаҳои шаҳри Душанбе иштирок мекунанд. Баъди ҷамъбасти марҳилаи интихоби лоиҳа, ки дар он 155 даста иштирок намуданд, 20 дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа дастаҳои иштирокчӣ ба чор гурӯҳи 5 дастагӣ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Муҳаммад-2013», «Гулбутта», «Дӯстӣ», «Зарафшон», «Возеҳ-40» ба гурӯҳи «В» дастаҳои «Аҳрор Мухтор», «32-юм микрорайон», «Профсоюз», «Фирӯз-91», «Ситора», ба гурӯҳи «С» дастаҳои «Умед», «Титова-26», «Бухоро-40», «Косатарош», «Лучоб» ва ба гурӯҳи «D» дастаҳои «Барса», «Беназир – 64-й микрорайон», «Сементзавод», «Нурафшон – 65-ум микрорайон» ва «Айнӣ-118» шомил шуданд.

Мувофиқи низомномаи лоиҳа бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм доир мешаванд. Давомнокии бозиҳо – ду қисми иборат аз 15 дақиқагӣ муқаррар шудаст. Баъди ҷамъбасти ин марҳила аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои 1\4 финалӣ роҳхат гирифта, ғолиби лоиҳа аз рӯи системаи олимпӣ муайян карда мешавад. Дар марҳилаи чорякниҳоӣ бошад бозиҳо аз ду қисми 20 дақиқагӣ иборат ҳастанд.

Бозиҳои ҳалкунандаи лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» рӯзи якшанбеи 29-уми январ доир мешаванд. Дар ин рӯз соати 9.00 бозӣ барои ҷои сеюм ва соати 9.40 бошад бозии ниҳоӣ доир хоҳад шуд. Баъд аз бозии финалӣ соати 10.30 маросими ботантанаи ҷамъбасти лоиҳа ва мукофотонии ғолибон баргузор мегардад.

Добавить комментарий