Марҳилаи интихобии ЧО-2016: бохт дар бозии ифтитоҳӣ аз Ироқ – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи интихобии ЧО-2016: бохт дар бозии ифтитоҳӣ аз Ироқ

Дар бозии даври ифтитоҳии чемпионати Оcиё-2016 дар гурӯҳи “F” мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Ироқ бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи марказии Душанбе дар ҳузури 2500 тамошобинон доир шуд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ Алаа Аббас Абдулнабӣ боз кард, дар дақиқаи 79 бошад, Ҷасим Муҳаммад голи дуюми дастаашро ба самар расонд.

Бозии навбатии худро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 4 октябр бо мунтахаби ҷавонони Баҳрайн мегузаронад.

Чемпионати  Осиё байни ҷавонони зери 19 сола

Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 1-ум

Ироқ — Тоҷикистон — 2:0

Баҳрайн — Молдив — 4:0

    Б Ғ М Б Т\т И
1 Баҳрайн 1 1 0 0 4-0 3
2 Ироқ 1 1 0 0 2-0 3
3 ТОҶИКИСТОН 1 0 0 1 0-2 0
4 Молдив 1 0 0 1 0-4 0

Бозиҳои оянда:

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

15:00 – Малдив – Ироқ

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Баҳрайн

 

Даври 3-юм

6 октябр (сешанбе)

15:00 – Ироқ – Баҳрайн

18:00 – Малдив – ТОҶИКИСТОН

Добавить комментарий