Дар бозии даври ифтитоҳии чемпионати Оcиё-2016 дар гурӯҳи “F” мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Ироқ бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи марказии Душанбе дар ҳузури 2500 тамошобинон доир шуд.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ Алаа Аббас Абдулнабӣ боз кард, дар дақиқаи 79 бошад, Ҷасим Муҳаммад голи дуюми дастаашро ба самар расонд.
Бозии навбатии худро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 4 октябр бо мунтахаби ҷавонони Баҳрайн мегузаронад.
Чемпионати Осиё байни ҷавонони зери 19 сола
Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 1-ум
Ироқ — Тоҷикистон — 2:0
Баҳрайн — Молдив — 4:0
Б | Ғ | М | Б | Т\т | И | ||
1 | Баҳрайн | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-0 | 3 |
2 | Ироқ | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
3 | ТОҶИКИСТОН | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
4 | Молдив | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-4 | 0 |
Бозиҳои оянда:
Даври 2-юм
4 октябр (якшанбе)
15:00 – Малдив – Ироқ
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Баҳрайн
Даври 3-юм
6 октябр (сешанбе)
15:00 – Ироқ – Баҳрайн
18:00 – Малдив – ТОҶИКИСТОН