Марҳилаи интихобии чемпионати Тоҷикистон байни кӯдакон – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи интихобии чемпионати Тоҷикистон байни кӯдакон

Бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон оғоз шуд. Дар мусобиқа кӯдакону наврасон вобаста ба синну солашон дар се гурӯҳ – с.т. 1998-1999, с.т. 2000-2001 ва с.т. 2002-2003 иштирок мекунанд.

Мусобиқа чун соли гузашта дар се марҳила – ноҳиявию шаҳрӣ, минтақавию вилоятӣ ва ниҳоӣ доир мешавад. Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа рӯзи 10 июн, дар вилояти Суғд то 15 июн ва дар шаҳри Душанбе бошад, то ниммаи аввали моҳи август ҷамъбаст мешаванд. Бозиҳои марҳилаи минтақавию вилоятии чемпионат дар давраи аз 20 июн то 31 август ташкилу баргузор карда мешаванд. Марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон дар моҳҳои сентябр-октябр дар ноҳияи Ҳисор ва шаҳрҳои Душанбеву Қайроққум доир хоҳад шуд.

Ҳамзамон бо чемпионати Тоҷикистон байни кӯдакону наврасон сабқати ҷумҳуриявӣ барои дарёфти мукофоти клуби “Тӯби чармин” байни дастаҳои футболи хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ ташкилу баргузор мегардад. Ин мусобиқа ҳам дар марҳилаҳои пешакӣ, минтақавӣ ва ниҳоӣ гузаронида хоҳад шуд. Гузаронидани марҳилаи ниҳоии сабқати ҷумҳуриявии “Тӯби чармин” аз 1 то 25 август дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаст.

Добавить комментарий