Марҳилаи интихобии ҶҶ-2018: бохти Тоҷикистон дар даври ҷамъбастӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи интихобии ҶҶ-2018: бохти Тоҷикистон дар даври ҷамъбастӣ

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” аз мунтахаби миллии Қирғизисто бо ҳисоби минималии 1 бар 0 мағлуб шуд. Бозӣ рӯзи сешанбеи 29 март, бо ҳузури ҳафту  ним ҳазор тамошобинон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Дар муқоиса ба бозӣ бо Австралия мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон Роман Пилипчук якбора панҷ нафар бозигарони нав – дарвозабон Алишер Додов, муҳофизатгар Сиёвуш Асроров, ниммуҳофизатгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқуловро ба майдон баровард.

Бозӣ бо бартарии пурраи футболбозони тоҷик ағоз ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи дуюми вохӯрӣ Аҳтам Ҳамроқулов имконияти боз кардани ҳисобро дошт. Аммо зарбаи аз масофаи хеле наздик задаи ҳамлагари моро дарвозабони мунтахаби Қирғизистон Павел Матяш баргардонд. Баъди чанд лаҳза капитани мунтахаби Тоҷикистон Нуриддин Давронов, ки дар ин бозӣ, бешубҳа, беҳтарин бозигари вохӯрӣ маҳсуб меёфт, бо партофи олиҷаноб боз Аҳтамро бо дарвозабони меҳмонон як ба як баровард, аммо ин бор низ Павел Матяш зарбаи задаи ӯро баргардонд ва тӯб рост ба ниммуҳофизи “Истиқлол”  Фатҳулло Фатҳуллоев расид. Зарбаи задаи Фатҳуллоевро  ҳам дарвозабони қирғиз баргардонд.

Дар дақиқаи 18 бозӣ бошад, муҳофизи мунтахаби Қирғизистон Валерий Кичин бо партофти хуб дар канори майдон ҳамдастааш Фархат Мусабековро дарёфт. Мусабеков тӯбро ба ҷаримагоҳи мунтахаби Тоҷикистон ба Виталий Люкс ҳаво дод. Люкс аз иштибоҳи муҳофизони мунтахаби мо истифода карда, тӯбро бемамониат ба дарвозаи Алишер Додов равон сохт. То анҷоми бозӣ бошад ҳисоб дар намолавҳаи варзишгоҳ тағйир наёфт ва меҳмонони қирғизистонӣ соҳиби  се имтиёзи гаронбаҳо шуданд.

Дар бозии дигар гурӯҳи “В” чемпиони феълии Осиё, мунтахаби Австралия дар майдони худ мунтахаби Урдунро бо ҳисоби калони 5 бар 1 шикаст дод.

Ба ин тартиб дар, гурӯҳи “В” мунтахаби Австралия бо 21 имтиёз мақоми аввалро ишғол намуд. Мунтахаби Урдун бо 16 имтиёз мақоми дуюм ва Қирғизистон бо 14 имтиёз мақоми сеюмро касб карданд. Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 5 имтиёз дорад, дар мақоми чорум қарор дорад. Зинаи охирини гурӯҳро бо 1 имтиёз мунтахаби Бангладеш ишғол мекунад.

Мунтахаби Австарлия ба марҳилаи сеюм ва ҷамъбастии ҶҶ-2018 баромада, ҳамчунин пешакӣ соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 шуд. Дар баробари Австралия барои  4,5 роҳхати ҶҶ-2018 ба Россия  мунтахабҳои Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Хитой, Эрон, Япония, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Узбакистон мубориза мекунанд. Мунтахабҳои мазкур мувофиқи қуръакашӣ ба ду гурӯҳи 6 дастагӣ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф соҳиби роҳхати марҳилаи ниҳоии ҶҶ-2018 мешаванд. Дастаҳои ҷои сеюми гурӯҳҳо бошанд, дар бозиҳои иттисолӣ (стыковые матчи) вомехӯранд.

Мунтахаби миллии Тоҷикистон бошад баромади худро дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 ҷамъбаст карда, муборизаро барои ҳамроҳ шудан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 идома медиҳад.  Бозиҳои плей-оффи ин мусобиқа рӯзҳои 2 ва 7 июн баргузор мешаванд.

 

ҶҶ-2018. Марҳилаи дуюми интихобӣ

Гурӯҳи «В». Даври 10-ум

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 0:1

Гол: Виталий Люкс, 18.

ТоҷикистонАлишер Додов, Сиёвуш Асроров, Давронҷон  Эргашев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Эраҷ Раҷабов, Нуриддин Давронов (к), Парвизҷон Умарбоев (Хуршед Маҳмудов, 73), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (Дилшод Восиев, 46), Манучеҳр Ҷалилов, Аҳтам Ҳамроқулов (Комил Саидов, 61).

Қирғизистон: Павел Матяш, Азамат Байматов (Кайрат Жиргабек Уулу, 76), Даниэл Тэго, Виктор Майер, Валерий Кичин, Эдгар Бернхардт (Павел Сидоренко, 82), Аҳлидин Исраилов, Бахтияр Дуйшебеков, Фархат Мусабеков (Мирлан Мурзаев, 55), Антон Землянухин, Виталий Люкс.

Огоҳонида шуданд: Давронҷон  Эргашев (Тоҷикистон), Павел Матяш, Даниэл Тэго (Қирғизистон).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Виталий Люкс (Қирғизистон).

СардоварАзиз Асимов (Узбекистон).

ЁваронРуслан Серазитдинов, Андрей Цапенко (ҳар ду аз  Узбекистон).

Довари эҳтиётӣ: Алибек Сапаев (Туркманистон).

Комиссари бозӣБачир Абдул Халек (Лубнон).

29 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 7500 тамошобинон.

 

Австралия – Урдун – 5:1

Голҳо: Тим Кэхилл, 24 (1:0). Аарон Муй, 39 (2:0). Тим Кэхилл, 44 (3:0). Томас Рогич, 53 (4:0). Массимо Луонго, 70 (5:0). Абдалла Диб, 90 (5:1).

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Австралия 8 7 0 1 29-4 21
2 Урдун 8 5 1 2 21-7 16
3 Қирғизистон 8 4 2 2 10-8 14
4 ТОҶИКИСТОН 8 1 2 5 9-20 5
5 Бангладеш 8 0 1 7 2-32 1

 

Гурӯҳи «А». Даври 10-ум

Фаластин – Тимори Шарқӣ – 7:0

ИМААрабистони Саудӣ – 1:1

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Арабистони Саудӣ 8 6 2 0 28-4 20
2 ИМА 8 5 2 1 25-4 17
3 Фаластин 8 3 3 2 22-6 12
4 Малайзия 8 1 1 6 3-30 4
5 Тимори Шарқӣ 8 0 2 6 2-36 2

 

Гурӯҳи «С». Даври 10-ум

ХитойҚатар – 2:0

Молдив – Бутан – 4:2

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Қатар 8 7 0 1 29-4 21
2 Хитой 8 5 2 1 27-1 17
3 Ҳонконг 8 4 2 2 13-5 14
4 Молдив 8 2 0 6 8-20 6
5 Бутан 8 0 0 8 5-52 0

 

Гурӯҳи «D». Даври 10-ум

Ҳиндустон – Туркманистон – 1:2

ЭронУмон – 2:0

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 8 6 2 0 26-3 20
2 Умон 8 4 2 2 11-7 14
3 Туркманистон 8 4 1 3 10-11 13
4 Гуам 8 2 1 5 3-16 7
5 Ҳиндустон 8 1 0 7 5-18 3

 

Гурӯҳи  «Е». Даври 10-ум

Афғонистон – Сингапур – 2:1

Япония – Сурия – 5:0

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Япония 8 7 1 0 27-0 22
2 Сурия 8 6 0 2 26-11 18
3 Сингапур 8 3 1 4 9-9 10
4 Афғонистон 8 3 0 5 8-24 9
5 Камбоҷа 8 0 0 8 1-27 0

 

Гурӯҳи «F». Даври 10-ум

Ироқ – Ветнам – 1:0

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Таиланд 6 4 2 0 14-6 14
2 Ироқ 6 3 3 0 13-6 12
3 Ветнам 6 2 1 3 7-8 7
4 Тайбэи Чин 6 0 0 6 5-19 0

 

Гурӯҳи «G». Даври 10-ум

Лубнон – Мянма – 1:1

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Кореяи Ҷанубӣ 7 7 0 0 24-0 21
2 Лубнон 8 3 2 3 12-6 11
3 Кувайт 6 3 1 2 12-4 10
4 Мянма 8 2 2 4 9-21 8
5 Лаос 7 0 1 6 3-29 1

 

Гурӯҳи «Н». Даври 10-ум

Филиппин – ҶХДК – 3:2

Узбекистон – Баҳрайн – 1:0

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Узбекистон 8 7 0 1 20-7 21
2 ҶХДК 8 5 1 2 14-8 16
3 Филиппин 8 3 1 4 8-12 10
4 Баҳрайн 8 3 0 5 10-10 9
5 Яман 8 1 0 7 2-17 3

Добавить комментарий