Муҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд Манучеҳр Ахмедов бо бошгоҳи футболи “Ал-Аҳли”-и Баҳрайн барои як сол қарордод ба тавсиб расонд.
Дар ин бора ба торнамои расмии Федератсияи футболи мамлакат худи бозигар хабар дод. Дар “Ал-Аҳли” муҳофизатгари тоҷик таҳти рақами 22 бозӣ хоҳад кард. Мавсими нави футбол дар премер-лигаи Баҳрайн моҳи октябр оғоз мешавад.