Манучеҳр Ахмедов қарордодашро бо «Ал-АҲлӣ»-и Баҳрайн бекор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Манучеҳр Ахмедов қарордодашро бо «Ал-АҲлӣ»-и Баҳрайн бекор кард

Муҳофизагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ахмедов қарордоди худро бо бошгоҳи футболи «Ал-Аҳлӣ»-и Баҳрайн бекор кард.

Тарафҳо бо ризоияти ҳамдигарӣ шартномаро бекор карданд. Футболбози тоҷик моҳи октябри имсол барои як мавсим бо «Ал-Аҳлӣ» шартнома баста буд.

Интизор меравад, Манучеҳр Ахмедов карераи бозигарии худро дар «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки қаблан дар ҳайати он бозӣ мекард, идома медиҳад.

Добавить комментарий