Мактаббачагони бохтарӣ – ғолиби “Тӯби чармин” – Федерация Футбола Таджикистана

Мактаббачагони бохтарӣ – ғолиби “Тӯби чармин”

Имрӯз, 25 сентябр, дар Душанбе марҳилаи финалии сабқати ҷумҳуриявии “Тӯби чармин” байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 бо ғалабаи дастаи футболи муассисаи таълимии №8 ноҳияи Бохтар анҷом ёфт.

Дар марҳилаи финалӣ шаш дастаи ғолиби марҳилаҳои минтақавӣ ва шаҳрӣ ширкат карданд. Ба бозиҳои нимфиналии мусобиқа аз гурӯҳи “А” дастаҳои футболи “Мактаби № 16”-и ноҳияи Ғончӣ ва “Мактаби № 78”-и шаҳри Душанбе ва аз гурӯҳи “В” дастаҳои футболи “Мактаби № 13”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “мактаби № 8”-и ноҳия Бохтар роҳхат гирифтанд.

Дар бозии якуми нимфиналӣ мактаббачагони душанбегӣ тавассути силсилаи пеналтӣ бар ҳамсолонашон аз ноиҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисоби 7 бар 6 пирӯз шуданд. Дар бозии дуюми нимфиналӣ бошад, дастаи футболи хонандагони муассисаи таълимии № 8-и ноҳияи Бохтар бар дастаи футболи ноҳияи Ғончӣ бо ҳисоби минималии 2 бар 1 ғолиб омаданд.

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқа ду дастаи вилояти Суғд – “Мактаби № 16”-и ноҳияи Ғончӣ ва “Мактаби № 13”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов вориди рақобат шуданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар задани зарбаҳои пеналтӣ бошад бахти наврасони ноҳияи Ҷаббор Расулов баландӣ кард ва онҳо бо ҳисоби 7 бар 6 дастболо шуда медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст дароварданд.

Дар бозии финалӣ хонандагони ноҳияи Бохтар зери роҳбарии мураббӣ Умедҷон Шарипов бар ҳамсолони душанбегии худ аз муассисаи таълимии № 78 бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 ғолиб шуданд.

Дар маросими ҷамъбаст ва мукофотонии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова, сардори Раёсати маълумоти миёна ва то мактабии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Абдуҷаббор Алиев, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, сардори департаменти футболи кӯдакону наврасон ва оммавии Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев ва сардори раёсати варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров ширкат намуда, ба ғолибон Ҷому медалҳо, диплому ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қимматнокро супориданд.

Шоҳрух Қирғизбоев («Мактаби №13» Ҷаббор Расулов), Комилҷон Комилов («Мактаби №16» Ғончӣ), Матин Абдулазиз («Мактаби №78» Душанбе) ва Маъруф Рафиев («Мактаби №8» Бохтар) беҳтарин бозигарони мусобиқа эътироф шуданд.

Добавить комментарий