Майдони Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо сабзаи сунъӣ пӯшонида мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Майдони Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо сабзаи сунъӣ пӯшонида мешавад

Майдони Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, ки дастаи футболи “Барқчӣ” бозиҳои хонагияшро он ҷо мегузаронад бо сабзаи сунъии навъи муосир пӯшонида мешавад. Корҳои таъмирӣ то ниммаи аввали моҳи июн бояд анҷом шаванд.

Корҳои омодагӣ барои паҳн кардани сабзаи сунъӣ дар майдони футболбозии варзишгоҳ қариб, ки ба анҷом расиданд. Ба рафти корҳои омодакунӣ ва паҳнкунии сабзаи сунъӣ мутахасисони соҳибтаҷриба аз давлати Туркия роҳбарӣ мекунанд. Дар варзишгоҳи Ҳисор, ки 20 ҳазор ҷои нишаст дорад, майдони сунъии футболбозӣ паҳн карда мешавад. Сифати майдони мазкур хеле баланд буда,  он дар ширкати маъруфи туркиии «Hatkosport» истеҳсол шудааст. Баъд аз паҳн кардани рӯйпӯши сунъии мазкур дар болои он давоми сол футбол бозӣ кардан имкон дорад.

Ёдрас мешавем, ки оғози моҳи июл дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузории аввалин мусобиқаи байналмилалии CAFA Cup – U-16 байни дастаҳои мунтахаби наврасони давлатҳои аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар назар дошта шудаст.

Добавить комментарий