Майдончаи футболбозӣ барои маҷрӯҳон – Федерация Футбола Таджикистана

Майдончаи футболбозӣ барои маҷрӯҳон

Имрӯз, 20 октябр, дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти маҷрӯҳони шаҳри Чкаловск шинос шуда, дар ифтитоҳи майдончаи футболбозии ин муассиса иштирок намуд.

Сохтмони майдончаи футболбозӣ дар ҳудуди Ҷамъияти маҷрӯҳони шаҳри Чкаловск аввали моҳи август оғоз шуда, имрӯз бо иштироки президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Баъд аз ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ, сарвари мамлакат бо гурӯҳи маҷрӯҳони варзишгар аккосӣ шуда, инчунин бо онҳо футболбозӣ кард.

Президенти Тоҷикистон ба роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакат барои ташаббусашон дар сохтмони ин иншооти варзишӣ изҳори сипосгузорӣ баён карда, ба онҳо барои минбаъд ҳам бо ҷамъияти маҷрӯҳон ҳамкорӣ намуданашон дастурҳо дод.

002003004

Добавить комментарий