Маҳмадҷон Ҳабибуллоев акнун панҷ бозии дастаашро аз нишастгоҳи мухлисон тамошо мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев акнун панҷ бозии дастаашро аз нишастгоҳи мухлисон тамошо мекунад

Сармураббии “Равшан”-и Кӯлоб Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо қарори Кумитаи интизоми ФФТ барои таҳқири ҳайати доварон дар бозии даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон байни “Истиқлол” –“Равшан” (6:1) аз иштирок дар 5 бозӣ хориҷ шуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки дар танаффуси бозӣ байни “Истиқлол” ва “Равшан” Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, бригадаи Аъзамҷон Буриеви қӯрғонтеппагӣ наздик шуда, нисбати доварии онҳо норозигӣ изҳор намуда, онҳоро бо суханони қабеҳ таҳқир кард. Дар паи ин амал Ҳабибуллоевро зарур афтод, ки қисми дуюми вохӯриро аз нишастгоҳи мухлисон назорат кунад.

Дар илова ба барканорӣ аз панҷ бозӣ, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Кумитаи интизоми Федератсияи футболи мамлакат, ки зери раёсати раиси кумита Тоҳир Нуров доир шуд, қарорҳои зерин қабул шуданд:

– Барои риоя накардани банди 23-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки бо пой задани ҳарифро  баён мекунад, бозигари дастаи «Вахш» Муҳаммадҷони Ҳасан  дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Вахш» – «Регар-ТадАз» (9 май), дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 19-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки суханони қабеҳ нисбати ҳарифро байн мекунад, бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ» Фирӯз Қараев дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Вахш» – «Регар-ТадАз» (9 май), дар ҳаҷми 300 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 23-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки бо пой задани ҳарифро  баён мекунад, бозигари дастаи «Вахш» Эҳсони Панҷшанбе дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Вахш» – «Регар-ТадАз» (9 май), дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шуданро баён мекунад, бозигари дастаи «Далерон-Уротеппа»- Диловар Бойқузиев дар бозии ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Далерон-Уротеппа» (8 май) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 21-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки қасдан тела додани ҳарифро  баён мекунад, бозигари дастаи «Хуҷанд»- Маъруф Мамадҷонов дар бозии ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Далерон-Уротеппа» (8 май) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 21-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки қасдан тела додани ҳарифро  баён мекунад, бозигари дастаи «Далерон-Уротеппа»- Шаҳзоди Алишерв дар бозии ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Далерон-Уротеппа» (8 май) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 24-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки қасдан бо пой ба рӯи ҳариф заданро баён мекунад, бозигари дастаи «Хуҷанд»- Икром Каримҷонов дар бозии ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Далерон-Уротеппа» (8 май) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар се бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 21-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки таъмин накардани талаботҳои низомномаро нисбати варзишгоҳҳо  баён мекунад, дар бозии дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Далерон-Уротеппа» (8 май) дастаи “Хуҷанд” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад..

– Барои риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шуданро баён мекунад, бозигари дастаи «Парвоз»- Бахтовар Зокиров дар бозии ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» – КМВА «Помир» (9 май) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки суханони қабеҳ гуфтанро нисбати сардовари бозӣ баён мекунад, бозигари дастаи КМВА «Помир»- Рустам Толибов дар бозии ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» – КМВА «Помир» (9 май) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки таҳқири  сардовари бозиро баён мекунад, бозигари дастаи «Ҳосилот»- Давлатмурод Наимов дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон миёни «Ҳосилот» –  «Саройкамар» (10 май) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.

Добавить комментарий