Лигаи якуми Тоҷикистон: “Панҷшер” дар садри ҷадвали лига – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон: “Панҷшер” дар садри ҷадвали лига

Рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта дар лигаи якуми Тоҷикистон бозиҳои даври навбатӣ баргузор шуданд.

Дар бозии марказии давр “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ чемпиони феълии лигаи якуми мамлакат “Саройкамар”-и Панҷро қабул кард. Мавриди зикр аст, ки дастаи ноҳияи Панҷ дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ бар “Хайр”-и Ваҳат пирӯз шуда, ба марҳилаи 1/4 ниҳоии ин мусобиқаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаст. Акнун дар марҳилаи чорякниҳоӣ шогирдони Идибек Ғаффоровро рақобат бо чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон “Регар-ТадАЗ”-и маъруф интизор аст.

Бозӣ байни ду дастаи пешсафи ҷадвали лига хеле шавқовару ҷолиб доир гардида, мусовӣ 2 бар 2 анҷом ёфт. Ба голҳои задаи Парвиз Оев ва Баҳром Урозов меҳмони панҷӣ бо зарбаҳои нишонраси Иброҳимҷон Муҳтоҷзода ва Ҷонибек Ғаффоров ҷавоб гуфтанд.

“Ҳулбук”-и Восе бошад натавонист, дар майдони худ бар  “Ҳосилот”-и  Фархор пирӯз шавад.  Бозӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом шуд. Бояд гуфт, ки ба наздикӣ серунвонтарин мураббии кишвар, мутахассиси шинохта Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармурабии “Ҳосилот”-и Фархор таъин гардид.

Аз ин мусовии рақибон “Панҷшер”-и Румӣ истифода кард. Дастаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар майдони худ бар “Исфара”-и Исфара бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 дастболо шуд. Се голро аз дастаи “Панҷшер” Алишер Салимов ва як голро Абдулатиф Тоҷиахмедов ба нишон расонданд.

 

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври  9-ум

«Панҷшер» – «Исфара» – 4:0

Голҳо: Алишер Салимов, 22 (1:0). Алишер Салимов, 52 (2:0). Алишер Салимов, 78 (3:0). Абдулатиф Тоҷиахмедов, 89 (4:0).

 

«Зарафшон» – «Эсхата» – 2:3
Голҳо: 
Фирӯз Ҳалимов, 23 – аз пеналти (1:0). Нормаҳмад Бегов, 42 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1). Ҳусейнхон Ҷалолов, 58 (1:2). Рустамҷон Сабуров, 85 (1:3). Комрон Муродов, 89 (2:3).

Аз майдон хориҷ шуданд: Хайём Усмонов («Зарафшон»), 73 – барои рафтори иғвогароёна, Нарзулло Раҷабов («Эсхата»), 73 – барои бо даст задани ҳариф.

 

«Кӯктош» «Саройкамар» 2:2

ГолҳоПарвиз Оев, 7 (1:0). Баҳром Урозов, 24 (2:0). Иброҳими Муҳтоҷзода, 28 – аз пеналти (2:1). Ҷонибек Ғаффоров, 48 (2:2).

 

«Чашма» МТО 3:1

ГолҳоИмомназар Соҳибов, 28 (1:0). Аъзам Ҳамроев, 53 (2:0). Ҷамолиддин Хуҷаев, 62 (3:0). Беҳрӯз Тоҳиров, 71 (3:1).


«Канд»
«Локомотив» 0:2

ГолҳоДилшод Раҳматуллоев, 46 (0:1). Абдулқосим Музаффаров, 61 (0:2).

Аз майдон хориҷ шудандАзиз Ҳамробоев («Канд»), 44 – барои бо даст задани ҳариф, Рустам Ғуломов («Локомотив»), 44 – барои бо даст задани ҳариф.

 

«Ҳулбук» «Ҳосилот» 0:0

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Панҷшер» (Румӣ) 9 6 3 0 19-5 21
2 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 9 5 3 1 26-12 18
3 «Ҳулбук» (Восе) 8 5 3 0 9-3 18
4 «Эсхата» (Хуҷанд) 8 5 2 1 29-13 17
5 «Исфара» (Исфара) 8 5 0 3 13-12 15
6 «Ҳосилот» (Фархор) 9 4 2 3 11-11 14
7 «Саройкамар» (Панҷ) 7 4 1 2 14-5 13
8 «Чашма» (Шаҳритӯс) 8 4 0 4 18-15 12
9 «Локомотив» (Душанбе) 9 2 1 6 8-20 7
10 «Помир» (Душанбе) 6 2 0 4 5-11 6
11 МТО (Душанбе) 7 1 0 6 10-29 3
12 «Канд» (Конибодом) 8 1 0 7 4-21 3
13 «Зарафшон» (Панҷакент) 8 0 1 7 6-15 1

Нишонзанҳо: Ҳусейнхон ҶАЛОЛОВ («Эсхата») – 12 гол, Фирдавс ЗАЙНУЛЛОЗОДА («Чашма») – 9 голАбдухалил БОРОНОВ («Панҷшер»), Адҳамҷон АБДУЛЛОЕВ («Кӯктош»)  – 7 гол.

 

Дар даври 10-ум вомехӯранд:

15 август (шанбе)

Оғоз соати 17:00 

«Эсхата» – «Ҳулбук»

16 август (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00 

«Ҳосилот» – «Канд»

МТО – «Зарафшон»

«Саройкамар» – «Чашма»

«Исфара» – «Кӯктош»

«Помир» – «Панҷшер»

Добавить комментарий