Лигаи якуми Тоҷикистон: «Кӯктош» дар садри ҷадвали мусобиқа – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон: «Кӯктош» дар садри ҷадвали мусобиқа

Дар Лигаи якуми Тоҷикистон бозиҳои даври навбатӣ баргузор гардиданд. Аз рӯи ҷамъбасти натоиҷи ду даври охирон шумораи имтиёзҳои «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба «Саройкамар»-и Панҷ баробар шуда, дастаи ноҳияи Рӯдакӣ ба садри ҷадвали мусобиқа баромад.

Қобили тазаккур аст, ки дар даври шонздаҳуми Лигаи якуми Тоҷикистон ҳисоби аз ҳама калонтарин ба қайд гирифта шуд. «Панҷшер»-и Балхӣ дар майдони худ «Чашма»-и Шаҳритузро бо ҳисоби калони 13 бар 0 шикаст дод. Ҳамлагари дастаи ғолиб Абдухалил Боронов дар ин бозӣ ба задани 8 гол муваффақ шуд, ки ин ҳолатро дар футбол окта-трик меноманд.

 

Лигаи якуми Тоҷикисстон:

Даври 16-ум

«Кӯктош» – «Зарафшон» – 2:1

Голҳо: Муҳаммадҷон Муродов, 5 (0:1). Собир Холматов, 24 (1:1). Эҳсон Бобоев, 45 (2:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шоҳназар Назаров («Кӯктош»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа) – 8,2 хол.

Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

3 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1500 тамошобин.

 

«Исфара» – «Саройкамар» – 1:3

Голҳо: Ҷонибек Ғаффоров, 32 (0:1). Абдувосит Абдуқудусов, 68 (1:1). Ҳусейнҷон Умаров, 73 – аз пеналти (1:2). Ҳусейнҷон Умаров, 90+2 (1:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Хусрав Бобоев («Исфара»), 63 – барои задании сардовари бозӣ, Рустамҷон Сабуров («Исфара»), 81 – барои задании ёвари сардовари бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳусейнҷон Умаров («Саройкамар»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 7,3 хол.

Нозири бозӣ: Муҳаммадҷон Қурбонов (Хуҷанд).

3 сентябр. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

 

«Панҷшер» – «Чашма» – 13:0

Голҳо: Сорбон Авғонов, 5 (1:0). Абдухалил Боронов, 44 (2:0). Абдухалил Боронов, 46 (3:0). Абдухалил Боронов, 50 (4:0). Шавкат Худойназаров, 52 (5:0). Абдухалил Боронов, 55 (6:0). Абдухалил Боронов, 59 (7:0). Абдухалил Боронов, 62 (8:0). Ҳасан Холов, 72 (9:0). Ҳасан Холов, 78 (10:0). Ҳасан Холов, 81 (11:0). Абдухалил Боронов, 87 (12:0). Абдухалил Боронов, 90 (13:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Абдухалил Боронов («Пандҷшер»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

3 сентябр. Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 2000 тамошобин.

 

«Локомотив» – «Помир» – 3:1

Голҳо: Шервони Мабатшоев, 37 (0:1). Дилшод Раҳматуллоев, 45+1 (1:1). Абубакр Сайфов, 75 (2:1). Расул Мамадҷонов, 76 (3:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Раҳматуллоев («Локомотив»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 7,8 хол.

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

4 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Локомотив». 150 тамошобин.

 

«Ҳулбук» – «Ваҳдат» – 1:0

Гол: Зарҳалшо Акрамов, 27.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Саидамир Мирзоев («Ҳулбук»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

4 сентябр. Восе. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

 

Даври 17-ум

«Зарафшон» – «Исфара» – 1:2

Голҳо: Сӯҳроб Сабуров, 15 (0:1). Хайём Усмонов, 22 (1:1). Абдураҳим Раҳимов, 56 (1:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сӯҳроб Сабуров («Исфара»).

Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

13 сентябр. Панҷакент. Варзишгоҳи «Зарафшон». 600 тамошобин.

 

«Парвин» – «Ҳулбук» – 0:0

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Зоирхон Холматов («Ҳулбук»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Насриддин Азизов (Қабодиён).

13 сентябр. Бохтар. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

 

«Коммуна» – «Локомотив» – 0:0

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дониёр Садриддинов («Локомотив»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).

13 сентябр. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 2200 тамошобин.

 

«Саройкамар» – «Панҷшер» – 0:1

Гол: Ҳасан Холов, 37.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳасан Холов («Панҷшер»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш) – 8,3 хол.

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

14 сентябр. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 4000 тамошобин.

 

«Ваҳдат» – «Кӯктош» – 0:4

Голҳо: Холмурод Назаров, 29 (0:1). Холмурод Назаров, 48 (0:2). Ҷамолиддин Хуҷаев, 54 (0:3). Нурулло Абдуллоев, 86 (0:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Холмурод Назаров («Кӯктош»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

14 сентябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 400 тамошобин.

 

«Помир» – «Канд» – 5:0

Голҳо: Тоҳир Малодустов, 12 (1:0). Саидмухтор Азимов, 42 (2:0). Тоҳир Малодустов, 46 (3:0). Тоҳир Малодустов, 86 (4:0). Тоҳир Малодустов, 90+1 (5:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Тоҳир Малодустов («Помир»).

Сардовар: Акобир Файзуллозода (Душанбе) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).

14 сентябр. Душанбе. Майдони эҳтиётии варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 16 11 2 3 38-13 35
2 «Саройкамар» (Панҷ) 16 11 2 3 34-10 35
3 «Панҷшер» (Балхӣ) 14 11 1 2 45-14 34
4 «Исфара» (Исфара) 15 8 2 5 31-20 26
5 «Помир» (Душанбе) 15 7 3 5 31-18 24
6 «Ҳулбук» (Восе) 16 7 2 7 26-25 23
7 «Парвин» (Бохтар) 15 5 5 5 24-25 20
8 «Коммуна» (Фархор) 15 5 4 6 12-19 19
9 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 16 5 1 10 14-35 16
10 «Канд» (Конибодом) 15 4 3 8 19-30 15
11 «Локомотив» (Душанбе) 16 3 6 7 18-30 15
12 «Чашма» (Шаҳритус) 15 3 3 9 20-45 12
13 «Зарафшон» (Панҷакент) 16 2 2 12 16-44 8

Нишонзанҳо: Абдухалил Боронов («Панҷшер») – 26 гол, Фирдавс Зайнуллозода («Чашма») – 14 гол, Некрӯз Қозимов («Кӯктош») – 11 гол, Ҳусейнҷон Умаров («Саройкамар»), Адҳам Абдуллоев («Кӯктош») – 10 голӣ, Тоҳир Малодустов («Помир») – 9 гол.

 

Дар даври 18-ум вомехӯранд:

20 сентябр  (сешанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Ҳулбук» – «Помир»

«Исфара» – «Ваҳдат»

«Чашма» – «Саройкамар»

21 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Канд» – «Коммуна»

«Кӯктош» – «Парвин»

«Панҷшер» – «Зарафшон»

Добавить комментарий