Лигаи якуми Тоҷикистон: голборон дар даври даҳум – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон: голборон дар даври даҳум

Метавон даври даҳуми мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистонро даври голборон номид. Дар чор бозии давр 24 гол зада шуд, ки ба ҳисоби миёна 6 голӣ сари ҳар бозӣ рост меояд.

Лидери  мусобиқа “Панҷшер”-и Румӣ дар Норак бо “Помир”-и Душанбе вохӯрд. Бозии шавқовару тамошобоб бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи ноҳияи Румӣ анҷом шуд. Бояд қайд кард, ки дружинаи Тухтабой Абдураҳимов голи дуюм ва ғолибияти худро дар дақиқаи сеюми ба вақти асосии бозӣ иловашуда ба самар расонида, бар футболбозони ҷавони “Помир” ғолиб шуданд.

Бозии миёни дастаҳои “Эсхата” ва “Ҳулбук” ба 21 август гузаронида шуд. Бозии миёни “Ҳосилот” ва “Канд” бошад бо сабаби ба вохӯрӣ ҳозир нашудани дастаи шаҳри Конибодом доир нагардид. Мувофиқи ниҳзомномаи мусобиқа ба дастаи “Ҳосилот” ғалабаи фаннӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ва ба дастаи “Канд” бохти фаннӣ бо ҳамин ҳисоб дониста шуд.

 

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 10-ум
«ПОМИР» «ПАНҶШЕР» 1:2

Голҳо: Ҳасан Холов, 27 (0:1). Амир Иброҳимов, 35 (1:1). Алишер Салимов, 90+3 (1:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳусейн Нурматов («Помир»).

 

МТО «ЗАРАФШОН» 3:4
Гол
ҳо: Фозил Ҳабибов, 10 (0:1). Баҳром Ғиёсов, 17 (1:1). Фозил Ҳабибов, 32 (1:2). Фозил Ҳабибов, 52 (1:3). Беҳрӯзхон Турахонов, 69 (2:3). Фозил Ҳабибов, 89 (2:4). Сохибҷон Эргашев, 90+2 (3:4).

Беҳтарин бозигари фохӯрӣ: Фозил Ҳабибов («Зарафшон»).

 

«САРОЙКАМАР» «ЧАШМА» 7:0
Гол
ҳо: Хуршед Ямаков, 12 (1:0). Ҷонибек Ғаффоров, 19 (2:0). Ҷонибек Ғаффоров, 44 (3:0). Иброҳими Мӯҳтоҷзода, 45+1 (4:0). Ҳусейн Ёқубов, 61 (5:0). Сӯҳроб Имомназаров, 67 (6:0). Сохибҷон Ваҳобов, 80 (7:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳусейн Якубов («Саройкамар»).

 

«ИСФАРА» «КӮКТОШ» 3:4
Гол
ҳо: Фирдавс Мусоев, 2 (1:0). Адҳамҷон Абдуллоев, 11 (1:1). Худойдод Нусратов, 21 (1:2). Худойдод Нусратов, 41 (1:3). Фирдавс Мусоев, 43 (2:3). Худойдод Нусратов, 76 (2:4). Фирдавс Мусоев, 87 (3:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фирдавс Мусоев («Исфара»).

 

«ҲОСИЛОТ» «КАНД» 3:0 (натиҷаи фаннӣ)

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Панҷшер» (Румӣ) 10 7 3 0 21-6 24
2 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 10 6 3 1 30-15 21
3 «Ҳулбук» (Восе) 8 5 3 0 9-3 18
4 «Ҳосилот» (Фархор) 10 5 2 3 14-11 17
5 «Эсхата» (Хуҷанд) 8 5 2 1 29-13 17
6 «Саройкамар» (Панҷ) 8 5 1 2 21-5 16
7 «Исфара» (Исфара) 9 5 0 4 16-16 15
8 «Чашма» (Шаҳритӯс) 9 4 0 5 18-22 12
9 «Локомотив» (Душанбе) 9 2 1 6 8-20 7
10 «Помир» (Душанбе) 7 2 0 5 6-13 6
11 «Зарафшон» (Панҷакент) 9 1 1 7 10-18 4
12 МТО(Хуҷанд) 8 1 0 7 13-33 3
13 «Канд» (Конибодом) 9 1 0 8 4-24 3

Нишонзанҳо: Ҳусейнхон ҶАЛОЛОВ («Эсхата») – 12 голФирдавс ЗАЙНУЛЛОЗОДА («Чашма»), Худойдод НУСРАТОВ («Кӯктош») –  9 голӣ, Адҳамҷон АБДУЛЛОЕВ («Кӯктош») – 8 гол, Абдухалил БОРОНОВ («Панҷшер»), Ҷонибек ҒАФФОРОВ («Саройкамар») – 7 голӣ.

Добавить комментарий