Лигаи якуми Тоҷикистон: дувумин ғалабаи пайдарҳами “Саройкамар” ва “Панҷшер” – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон: дувумин ғалабаи пайдарҳами “Саройкамар” ва “Панҷшер”

Рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе дар мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон шаш бозӣ баргузор шуд. Дар ин шаш бозӣ 17 гол зада шуд, ки 9 голро меҳмонон ва 8 голро соҳибони майдон ба самар расонданд. Дар се бозӣ соҳибони майдон ва дар ду бозӣ меҳмонон ғолиб шуда, як бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. Баъд аз ду давр “Саройкамар” ва “Панҷшер”  бо шаш имтиёзӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқа рӯзҳои 1-2 май доир мешаванд. Рӯзи якшанбеи 1 май “Коммуна” бо “Саройкамар” ва “парвин” бо “Ваҳдат” вомехӯранд. Рӯзи дӯшанбеи 2 май бошад “Ҳулбук” бо “Исфара”, “Канд” бо “Панҷшер”, “Локомотив” бо “Чашма” ва “Помир” бо “Зарфшон” рақобат хоҳанд кард. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 16:30.

 

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 2-юм

«Ваҳдат» – «Помир» – 1:1

ГолҳоБеҳрӯз Сафаров, 54 – аз пеналти (1:0). Саидмухтор Азимов, 90+1 (1:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣСаидмухтор Азимов («Помир»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 7,8 хол.

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

27 апрел. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 3000 тамошобинон.

 

«Зарафшон» – «Коммуна» – 0:2

Голҳо: Муҳсин Мадуллоев, 23 (0:1). Давлатмурод Наимов, 40 (0:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Зоиршоҳ Толибшозода («Зарафшон»).

СардоварКомилҷон Қурбонов (Турсунзода) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Шӯҳрат Шамсиев (Турсунзода).

27 апрел. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 1600 тамошобинон.

 

«Саройкамар» – «Локомотив» – 2:0

ГолҳоИсмоил Тоиров, 39 – ба дарвозаи датаи худ (1:0). Ҳусейн Умаров, 87 (2:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣҲусейн Умаров («Саройкамар»).

СардоварСайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа) – 8,2 хол.

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

27 апрел. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи  У. Маматов. 3000 тамошобинон.

 

«Чашма» – «Канд» – 3:1

ГолҳоФирдавси Зайнуллозода, 15 – аз пеналти (1:0). Ҷамол Хуҷаев, 40 (2:0). Фирдавси Зайнуллозода, 53 (3:0). Шӯҳрат Иброҳимов, 71 (3:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фирдавси Зайнуллозода («Чашма»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

28 апрел. Шаҳритус. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2000 тамошобинон.

 

«Панҷшер» – «Ҳулбук» – 2:1

Голҳо: Маъруф Исломов, 5 (0:1). Абдухалил Боронов, 14 (1:1). Шавкат Худойназаров, 57 (2:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шавкат Худойназаров («Панҷшер»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 7,5 хол.

Нозири бозӣПулод Қодиров (Душанбе).

28 апрел. Ҷалодиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи У. Маматов. 5000 тамошобинон.

 

«Исфара» – «Кӯктош» – 1:3

Голҳо: Адҳам Абдуллоев, 38 (0:1). Боирҷон Холматов, 42 (1:1). Ғайрат Иномов, 45+1 (1:2). Адҳам Абдуллоев, 67 (1:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Принс Артур («Кӯктош»).

СардоварХуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Қурбонхоҷа Раҳимхоҷаев (Хуҷанд).

28 апрел. Исфара. Варзишгоҳи марказии ноҳия. 3000 тамошобинон.

 

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 2 2 0 0 4-1 6
2 «Панҷшер» (Балхӣ) 2 2 0 0 3-1 6
3 «Помир» (Душанбе) 2 1 1 0 5-2 4
4 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 2 1 1 0 4-3 4
5 «Чашма» (Шаҳритус) 2 1 0 1 6-3 3
6 «Коммуна» (Фархор) 2 1 0 1 4-3 3
7 «Ҳулбук» (Восе) 2 1 0 1 4-4 3
8 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 0 1 3-2 3
9 «Локомотив» (Душанбе) 2 1 0 1 3-4 3
10 «Зарафшон» (Панҷакент) 2 0 0 2 2-5 0
11 «Канд» (Конибодом) 2 0 0 2 2-5 0
12 «Исфара» (Исфара) 1 0 0 1 1-3 0
13 «Парвин» (Бохтар) 1 0 0 1 1-4 0

 

Дар даври сеюм вомехӯранд:

1 май (якшанбе)

Оғоз соати 16:30

«Коммуна» – «Саройкамар»

«Парвин» – «Ваҳдат»

2 май (душанбе)

Оғоз соати 16:30

«Ҳулбук» – «Исфара»

«Канд» – «Панҷшер»

«Локомотив» – «Чашма»

«Помир» – «Зарафшон»

Добавить комментарий