Лигаи якуми Тоҷикистон: ғалабаи “Исфара” дар варзишгоҳи нав – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон: ғалабаи “Исфара” дар варзишгоҳи нав

Ҷоизадори медалҳои биринҷии мавсими футболи соли гузаштаи лигаи якуми Тоҷикистон  “Исфара”-и Исфара, дар даври сеюми сабқати лигаи якуми мамлакат бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд.

Ин бозӣ ва ин ғалаба барои исфарагиён вежагии хос дошта, хотирмон хоҳад шуд. Зеро бозӣ дар варзишгоҳи нави шаҳр баргузор шуд ва дар он бештар аз чор ҳазор мухлисон иштирокнамуда, ба ғалабаи дастаи маҳбубашон кафкӯбӣ карданд. Голи ягонаи соҳибони майдонро Бадриддин Зулфиқоров дар дақиқаи 47-уми вохӯрӣ ба самар расонд.

Чемпиони феълии лигаи якуми Тоҷикистон “Саройкамар”-и Панҷ бошад, дар майдони худ бар “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби калони 3 бар 0 дастболо шуд. Голҳои дастаи ғолибро Ҷонибек Ғафоров дар дақиқаи 6-ум, Иброҳим Муҳтоҷзода аз пеналти дар дақиқаи 36-ум ва Ҳусейн Яқубов дар дақиқаи 66-ум ба ҳадаф расониданд.

Дар доираи бозиҳои ин давр дюбютанти лига дастаи “Помир”-и Душанбе ғалабаи дуюми пайдарҳами худро ба даст овард. Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар Вазишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Локомотив”-и Душанберо бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 21-уми бозӣ Шервон Мабатшоев боз кард. Дар вақти изофии вохӯрӣ бошад бозигари соҳибтаҷрибаи даста Субҳон Хоҷамов голи дуюми “Помир”-ро зад.

Ҷоизадори медалҳои нуқраи мавсими футболи соли гузаштаи лигаи якуми Тоҷикистон  “Кӯктош”-и Рӯдакӣ дар ин давр ду имтиёзи заруриро аз даст дод. Шогирдони Ҳикмат Шарифов дар майдони худ натавонистанд, ки  бар “Ҳулбук”-и Восе ғалаба кунанд. Ба голи дар дақиқаи 36-уми бозӣ задаи Насим Соҳибназаров меҳмонон баъди ҳамагӣ аз чор дақиқа посух гуфтанд. Голро ба дарвозаи “Кӯктош” Холмурод Назаров зад.

Дар ин давр “Чашма”-и Шаҳритӯс шаҳди ғалабаи аввалинро чашид. Дастаи ноҳияи Шаҳритӯс бар “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб шуд.

“Панҷшер”-и Румӣ бошад “Канд”-Конибодомро бо ҳисоби калони 3 бар 0 шикаст дод.

Баъд аз се давр дар садри ҷадвали мусобиқа “Саройкамар” ва “Исфара” бо 9 имтиёзӣ қарор доранд. “Кӯктош” бо “Панҷшер” ҳафт имтиёзӣ дошта, ҷойҳои сеюму чорумро ишғол мекунанд.

 

Лигаи якуми ТоҷикистонДаври 3-юм

«САРОЙКАМАР» – «ЭСХАТА» – 3:0

ГолҳоҶонибек Ғаффоров, 6 (1:0). Иброҳими Муҳтоҷзода, 36 –аз пеналти (2:0). Ҳусейн Яқубов, 66 (3:0).

Аз бозӣ ронда шуд: Хуршед Ямаков («Саройкамар»), 36 – барои корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣИброҳими Муҳтоҷзода («Саройкамар»).

 

«ИСФАРА» – «ҲОСИЛОТ» – 1:0

Гол: Бадриддин Зулфиқоров, 47.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣФирдавс Мусоев («Исфара»).

 

«ПОМИР» – «ЛОКОМОТИВ» – 2:0

ГолҳоШервони Мабатшоев, 21 (1:0). Субҳон Хоҷамов, 90+3 (2:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣСубҳон Хоҷамов («Помир»).

 

«КӮКТОШ» – «ҲУЛБУК» – 1:1

ГолҳоНасим Соҳибназаров, 36 (1:0). Холмурод Назаров, 40 (1:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАкмал Авазов («Кӯктош»).

 

«ЧАШМА» – «ЗАРАФШОН» – 2:1

ГолҳоДалер Рахматов, 58 – аз пеналти (0:1). Фирдавс Зайнуллозода, 74 (1:1). Фирдавс Зайнуллозода, 85 (2:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ : Сайнумон Сайғуфронов («Чашма»).

 

«ПАНҶШЕР» – «КАНД» – 3:0

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 3 3 0 0 8-0 9
2 «Исфара» (Исфара) 3 3 0 0 5-1 9
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 3 2 1 0 6-2 7
4 «Панҷшер» (Румӣ) 3 2 1 0 4-0 7
5 «Помир» (Душанбе) 3 2 0 1 4-2 6
6 «Ҳулбук» (Восе) 3 1 2 0 2-1 5
7 «Эсхата» (Хуҷанд) 2 1 0 1 7-3 3
8 «Ҳосилот» (Фархор) 3 1 0 2 4-5 3
9 «Чашма» (Шаҳритӯс) 2 1 0 1 2-3 3
10 «Зарафшон» (Панҷакент) 3 0 0 3 2-6 0
11 «Канд» (Конибодом) 3 0 0 3 1-6 0
12 «Локомотив» (Душанбе) 3 0 0 3 1-8 0
13 МТО (Хуҷанд) 2 0 0 2 2-11 0

Нишонзанҳо: Ҳусейнхон ҶАЛОЛОВ («Эсхата»), Ҷумахон АЗИЗОВ («Ҳосилот») –  3 тӯбӣ, Насим МАМАДКУЛОВ, Ҳусейн ЯКУБОВ, Ҷонибек  ҒАФФОРОВ (ҳама аз «Саройкамар»), Фирдавс МУСОЕВ («Исфара»), Фирдавс ЗАЙНУЛЛОЗОДА («Чашма»), Холмурод НАЗАРОВ («Кӯктош») –  2 голӣ.

 

Дар даври 4-ум вомехӯранд:

22 май (ҷумъа)

Оғоз соати 17:00

«Локомотив» – «Панҷшер»

«Эсхата» – «Исфара»

23 май (шанбе)

Оғоз соати 17:00

«Ҳулбук» – «Чашма»

«Канд» – «Кӯктош»

24 май (якшанбе)

Оғоз соати 17:00

«Ҳосилот» – «Помир»

25 май (душанбе)

Оғоз соати 17:00

МТО – «Саройкамар»

Добавить комментарий