Лигаи олии Тоҷикистон: пирӯзии «Хайр» дар бозии мавқуфгузоштаи даври даҳум – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи олии Тоҷикистон: пирӯзии «Хайр» дар бозии мавқуфгузоштаи даври даҳум

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври даҳуми Лигаи олии Тоҷикистон «Хайр» дар майдони худ, дар шаҳри Ваҳдат бар «Барқчӣ»-и Душанбе бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуд. Голи ягона ва ғолибияти соҳибони майдонро дар дақиқаи якуми ба вақти асоссии бозӣ иловашуда, легионери ганагии «Хайр» Мисиам Иноссент ба нишон расонд.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Бозии мавқуфгузоштаи даври даҳум

«Хайр» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Мисиам Иносент, 90+1.

«Хайр» (Ваҳдат): Худододагӣ Абдураҳимов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсах Даниэл Абан, Далер Имомназаров, Парвиз Ҳомидов, Воҳид Соҳибназаров (Умедҷон Азизов, 75), Одил Бобоназаров, Дилобшо Тугоншоев, Фирдавси Файззода (Ғайрат Баротов, 82), Мисиам Иносент, Муҳсинҷон Парпиев.

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Ҳусейн Нурматов, Қувватбек Равшанбеков, Зоир Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов (Зиёвуддин Фузайлов, 46), Отабек Каримов, Ваҳдат Ханонов (Нумон Зокиров, 90), Амирҷон Сафаров, Нуриддин Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Менсах Даниэл Абан, Идибек Ҳабибуллоев, Одил Бобоназаров, Мисиам Иносент («Хайр»), Далер Ёдгоров («Барқчӣ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Мисиам Иносент («Хайр»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири доварон: Алишер Урунов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

17 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр».

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 11 8 3 0 31-11 27
2 «Ҳосилот» (Фархор) 11 5 4 2 20-11 19
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 5 2 4 23-14 17
4 КМВА «Помир» (Душанбе) 11 5 2 4 14-9 17
5 «Барқчӣ» (Душанбе) 11 5 2 4 16-16 17
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 11 5 2 4 18-21 17
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 5 1 5 12-18 16
8 «Хайр» (Ваҳдат) 11 4 4 3 15-13 16
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 11 1 2 8 8-21 5
10 «Равшан» (Кӯлоб) 11 0 2 9 9-33 2

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 11 гол, Агблей Джонес («Хайр») – 8 гол, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 8 гол, Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 7 голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»/«Регар-ТадАЗ»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 6 голӣ.

Добавить комментарий