Лигаи олии Тоҷикистон: панҷ голи беҷавоби «Хуҷанд» ба дарвозаи “Панҷшер” – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи олии Тоҷикистон: панҷ голи беҷавоби «Хуҷанд» ба дарвозаи “Панҷшер”

Рӯзи якшанбеи 14 май дар Лигаи олии Тоҷикистон се бозии даври даҳум баргузор гардид. “Хуҷанд” дар сафар ба дарвозаи “Панҷшер” панҷ голи беҷавоб зада, шумораи имтиёзҳояшро бо КМВА “Помир” баробар кард. Мудофиачиён дар ин давр дар сафар бозиро бо “Барқчӣ” мусовии бидуни гол анҷом доданд.

“Регар-ТадАЗ” бошад дар “ТАЛКО-Арена”-и Турсунзода бо ҳисоби минималии 1 бар 0 “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро мағлуб кард. Голи ягона ва ғолибияти соҳибони майдонро дар дақиқаи 90 Аскар Равшанов зад.

Дар бозӣ миёни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор ва КМВА “Помир”-и Душанбе, ки дар майдони эҳтиётии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид, мухлисон шоҳиди задани голҳо нашуданд. Бозӣ бо вуҷуди хеле шавқовару ҷаззоб сурат гирифтанаш мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Аммо бозӣ миёни “Панҷшер” ва “Хуҷанд”, ки дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид сергол шуд. Футболобозони дастаи соҳили Сирдарё ба дарвозаи соҳибони майдон панҷ голи беҷавоб заданд. Голҳои хуҷандиҳоро Ҳоҷибой Зиёев (дақиқаи 18), Давронҷон Тухтасунов (дақиқаи 47), Шоҳрух Раҷаматов (дақиқаи 59), Фарҳод Тоҳиров (дақиқаи 84) ва Дилшод Бозоров (дақиқаи 90+2) ба ҳадаф расонданд.

Баъд аз даҳ даври бозиҳо мақоми аввалро дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 20 имтиёз ишғол менамояд. “Хуҷанд” ва КМВА “Помир” бо 17 имтиёзӣ, мутаносибан, дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.

Бозиҳои даври навбатии Лигаи олии Тоҷикистон рӯзҳои 20, 21 ва 23 май доир мешаванд. Рӯзи шанбеи 20 май КМВА “Помир” дар майдони худ “Панҷшер”-ро қабул мекунад. Дар бозии дигари ин рӯз  “Вахш” дар Қӯрғонтеппа бо “Барқчӣ” – Ҳисор рақобат мекунад. Барномаи даври ёздаҳум рӯзи сешанбеи 23 май бо бозии байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ҷамъбаст мегардад. Ин бозӣ вохӯрии марказии даври ёздаҳум маҳсуб меёбад.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Даври 10-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш» – 1:0

Гол: Аскар Равшанов, 90.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Владимир Сисоев, Алишер Шарипов, Фаррух Чориев, Одил Бобоназаров (Фарҳод Холбеков, 57), Фирӯз Қараев, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Шерзод Маҳамадиев, Фирӯз Раҳматов (Ҳоҷиакбар Узоқов, 89), Нумон Зокиров (Аскар Равшанов, 67), Комрон Турсунов.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳовиддин Холиқов, Азамҷон Муродов (Собирҷон Холматов, 46), Акмал Сабуров, Азим Раҳмонов, Хуршед Бекназаров, Парвиз Саидмуродов, Худойдод Узоқов, Ҷамолиддин Зардиев, Умарҷон Шарипов (Муҳаммадрофеъ Холов, 68), Далер Умаров, Холмурод Назаров.

Огоҳонида шуданд: Одил Бобоназаров, Расул Пайзов («Регар-ТадАЗ»), Собирҷон Холматов, Хуршед Бекназаров («Вахш»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Аскар Равшанов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Шӯҳрат Шамсиев (Истаравшан).

14 май. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1600 тамошобин.

 

«Барқчӣ» – КМВА «Помир» – 0:0

«Барқчӣ» (Ҳисор): Беҳрӯз Хайриев, Манучеҳр Сафаров, Оятулло Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Султоншо Мирзоев, Зиёвуддин Фузайлов, Далер Ёдгоров, Шериддин Бобоев, Муҳсинҷон Парпиев, Кароматулло Саидов (Маҳмадзарифи Абдураҳим, 69), Шаҳром Самиев (Валиҷон Ҳотамов, 90).

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Фирдавс Чақалов, Идибек Ҳабибуллоев, Игор Суров, Зоир Ҷӯрабоев, Комрони Мирзохон, Мисиам Иносент, Комрони Мирзонаҷот (Маҳмадалӣ Содиқов, 70), Шамсиддин Қосимов (Билол Сулаймонов, 85), Шарафҷон Солеҳов, Меҳди Ҷализӣ.

Огоҳонида шуданд: Далер Ёдгоров, Шаҳром Самиев, Маҳмадзарифи Абдураҳим («Барқчӣ»), Идибек Ҳабибуллоев (КМВА «Помир»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣШарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Комиссари бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

14 май. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

 

«Панҷшер» – «Хуҷанд» – 0:5

Голҳо: Ҳоҷибой Зиёев, 18 (0:1). Давронҷон Тухтасунов, 47 (0:2). Шоҳрух Раҷаматов, 59 (0:3). Фарҳод Тоҳиров, 84 (0:4). Дилшод Бозоров, 90+2 (0:5).

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Анвар Ҳамроқулов, Алишери Ҳотам, Абдулатиф Тоҷиддинов, Руслан Тиллоев (Фирдавс Зайнуллозода, 46), Шавкат Худойназаров, Ҳасан Холов, Сорбон Авғонов, Алишер Салимов (Фаррух Фузайлов, 11), Абдухалил Боронов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Ахмедов, Далерҷон Тухтасунов (Шероз Абдуллоев, 65), Соҳибҷон Ҳакимов, Руслан Раҳматов, Ҳикматулло Расулов (Мубинҷон Муминов, 75), Эҳсон Бобоев, Ҳоҷибой Зиёев, Шоҳрух Раҷаматов, Давронҷон Тухтасунов (Фарҳод Тоҳиров, 62), Дилшод Бозоров.

Огоҳонида шудандРавшан Азизов («Панҷшер»), Давронҷон Тухтасунов («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

СардоварБеҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қабодиён).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

14 май. ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 2500 тамошобин.

 

«Ҳосилот» – «Истиқлол» – 0:0

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мусо, Ойбек Абдуғаффоров, Ҳасан Рустамов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Саидалии Сафаралӣ, Шодибек Ғаффоров, Акуффо Гершон, Муҳаммадҷони Ҳасан, Наврӯз Рустамов (Баҳром Изомов, 19, Ҷонибек Муминов, 77).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артем Барановский, Ромиш Ҷалилов (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Аҳтам Назаров (Фарҳод Восиев, 71), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Алиев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 60), Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадҷони Ҳасан, Сафаралӣ Каримов, Ҷонибек Муминов («Ҳосилот»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшенбе («Истиқлол»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Рустам Ризоев («Ҳосилот»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

12 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 6 2 0 23-4 20
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 5 2 3 17-8 17
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 10 4 5 1 8-3 17
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 10 3 3 4 6-10 12
5 «Ҳосилот» (Фархор) 10 3 2 5 9-18 11
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 3 4 4-7 9
7 «Барқчӣ» (Ҳисор) 10 2 3 5 6-14 9
8 «Панҷшер» (н. Балхӣ) 9 2 2 5 7-16 8

НишонзанҳоМанучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 5 гол, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд») – 4 гол, Манучеҳр Ахмедов, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол»), Меҳдӣ Ҷализӣ (КМВА «Помир») – 3 голӣ.

 

Дар даври 11 вомехӯранд:

20 май (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

КМВА «Помир» – «Панҷакент»

«Вахш» – «Барқчӣ»

21 май (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

23 май (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Добавить комментарий