Лигаи олии Тоҷикистон: мусовӣ дар Қӯрғонтеппа – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи олии Тоҷикистон: мусовӣ дар Қӯрғонтеппа

Бозии аввали даври ёхдаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Вахш”-Қӯрғонтеппа ва “Барқчӣ”-и Ҳисор дар Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа мусовии бе гол анҷом ёфт.

Барномаи бозиҳои даври ёздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 20 май бо баргузории бозӣ байни КМВА “Помир”-и Душанбе ва “Панҷшер”-и ноҳияи Балхӣ идома меёбад. Дар бозии марказии давр бошад, рӯзи якшанбеи 21 май “Ҳосилот” дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор “Регар-ТадАз”-и Турсунзодаро қабул мекунад.

Дар бозии ҷамъбастии ин давр, ки рӯзи 25 май доир мешавад, чемпиони феълии футболи мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахт “Хуҷанд”-и Хуҷандро қабул мекунад. Ин бозӣ мувофиқи тақвими пешакӣ бояд рӯзи 23 май доир мешуд. Аммо бо сабаби оне, ки дар ин рӯз дар варзишгоҳ чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегарданд, Лигаи футболи мамлакат бозиро ба рӯзи 25 май гузаронд.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Даври 11

«Вахш» – «Барқчӣ» – 0:0

«Вахш» (Қӯрғонтепа): Баҳовиддин Холиқов, Азамдҷон Муродов, Акмал Сабуров, Хуршед Бекназаров (Собирҷон Холматов, 80), Азим Раҳмонов, Худойдод Узоков, Парвиз Саидмуродов, Ҷамолиддин Зардиев, Умарҷон Шарипов, Холмурод Назаров, Далер Умаров.

«Барқчӣ» (Ҳисор): Беҳрӯз Хайриев, Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов, Оятулло Сафаров, Султоншо Мирзоев, Манучеҳр Сафаров, Кароматулло Саидов (Амирҷон Сафаров, 57), Далер Ёдгоров, Шериддин Бобоев, Муҳсинҷон Парпиев (Саидмухтор Азимов, 76), Шаҳром Самиев (Тоҳир Малодӯстов, 83).

Огоҳонида шудандАкмал Сабуров, Холмурод Назаров («Вахш»), Амирҷон Сафаров, Далер Ёдгоров, Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Умарҷон Шарипов («Вахш»).

СардоварХуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири доваронАбдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣҶовидон Ҳасанов (Душанбе).

18 май. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2500 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 6 2 0 23-4 20
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 5 2 3 17-8 17
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 10 4 5 1 8-3 17
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 10 3 3 4 6-10 12
5 «Ҳосилот» (Фархор) 10 3 2 5 9-18 11
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 2 4 4 4-7 10
7 «Барқчӣ» (Ҳисор) 11 2 4 5 6-14 10
8 «Панҷшер» (Балхӣ) 9 2 2 5 7-16 8

НишонзанҳоМанучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 5 гол, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд») – 4 гол, Манучеҳр Ахмедов, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол»), Меҳди Ҷализи (КМВА «Помир») – 3 голӣ.

Добавить комментарий