Лигаи олии Тоҷикистон: голи Фирдавс Чақалов мудофиачиёнро ғолиб гардонд – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи олии Тоҷикистон: голи Фирдавс Чақалов мудофиачиёнро ғолиб гардонд

Дар бозии даври ёздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон КМВА “Помир” бар “Панҷшер” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз гардид. Голи ягона ва ғолибиятро баъд аз партофти хуби Шарафҷон Солеҳов муҳофизи мудофиачиён Фирдавс Чақалов ба нишон расонд.

Баъд аз ғалаба бар “Панҷшер” ҳисоби имтиёзҳои дружинаи Тоҳир Муминов бо “Истиқлол” баробар шуда, мудофиачиён ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромаданд. Аммо чемпиони феълии футболи мамлакат “Истиқлол”-Душанбе нисбат ба КМВА “Помир” се бозӣ кам гузаронидааст.

Қобили қайд аст, ки дар мусобиқаи имсола ба дарвозаи КМВА “Помир” ҳамагӣ се гол зада шудаст ва ин ҳарсе голро бозингарони “Истиқлол” задаанд. Дар даҳ бозии дигар дастаи Тоҳир Муминов ба дарвозаи худ гол сар надодааст ва ин аз бозии хуби хати мудофиа ва маҳорати баланди кипери мудофиачиён Анатолий Старушенко гувоҳӣ медиҳад.

Пагоҳ, 21 май, дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор “Ҳосилот” “Регар-ТадАз” –ро қабул мекунад.

Бозии ҷамъбастии даври ёхдаҳум  рӯзи 25 май доир мешавад ва дар он чемпиони феълии футболи мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт “Хуҷанд”-и Хуҷандро қабул мекунад. Ин бозӣ мувофиқи тақвими пешакӣ бояд рӯзи 23 май доир мешуд. Аммо бо сабаби оне, ки дар ин рӯз дар варзишгоҳ чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегарданд, Лигаи футболи мамлакат бозиро ба рӯзи 25 май гузаронд.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Даври 11

КМВА «Помир» – «Панҷшер» – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 85.

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старущенко, Фирдавс Чақалов, Идибек Ҳабибуллоев, Игор Суров, Зоир Ҷӯрабоев, Комрони Мирзохон, Комрони Мирзонаҷот, Шамсиддин Қосимов (Мисиам Иносент, 46), Шарафҷон Солеҳов (Фурӯғ Қодиров, 90+3), Маҳмадалӣ Содиқов (Самадҷон Шарифов, 88), Меҳдӣ Ҷализӣ.

«Панҷанер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Иззатулло Рӯзиев, Шавкат Худойназаров, Беҳрӯз Ниёзов, Ҳасан Холов, Сорбон Авғонов, Алишер Салимов (Фирдавс Зайнуллозода, 87), Ҳусейн Умаров (Фаррух Фузайлов, 78), Абдухалил Боронов.

Огоҳонида шудандМаҳмадалӣ Содиқов, Зоир Ҷӯрабоев, Комрони Мирзонаҷот (КМВА «Помир»), Ҳасан Холов, Хусейн Умаров («Панҷшер»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣФирдавс Чақалов (КМВА «Помир»).

СадоварНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири доваронРаҳмон Муртазоев (Душанбе).

Комиссари бозӣНуралӣ Хоркашев (Душанбе).

20 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи ҶТ. 600 тамошобин.

 

21 май (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

 

25 май (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 6 2 0 23-4 20
2 КМВА «Помир» (Душанбе) 11 5 5 1 9-3 20
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 5 2 3 17-8 17
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 10 3 3 4 6-10 12
5 «Ҳосилот» (Фархор) 10 3 2 5 9-18 11
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 2 4 4 4-7 10
7 «Барқчӣ» (Ҳисор) 11 2 4 5 6-14 10
8 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 10 2 2 6 7-17 8

НишонзанҳоМанучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 5 гол, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд») – 4 гол, Манучеҳр Ахмедов, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол»), Меҳдӣ Ҷализӣ (КМВА «Помир») – 3 голӣ.

Добавить комментарий