Лигаи олии Тоҷикистон: ғалабаи навбатии чемпион – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи олии Тоҷикистон: ғалабаи навбатии чемпион

Баъд аз танаффуси кӯтоҳмуддати алоқаманд ба иштироки мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Австралия имрӯз, 11-уми сентябр, ду бозии даври навбатии чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ доир шуд.

Чемпиони феълии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Душанбе “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшанро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 шикаст дод. Голҳои дастаи пойтахтро Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров ва Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонданд.

Дар бозии байни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бошад, ғолиб маълум нашуд. Ба як голи задаи соҳибони майдон меҳмонон низ бо як гол ҷавоб гуфтанд. Голи “Вахш”-ро Кароматулло Саидов ва голи “Хайр”-ро Муҳсинҷон Парпиев ба нишон расонданд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум

«ИСТИҚЛОЛ» «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» 4:0

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 45+2 (1:0). Аҳтам Назаров, 58 (2:0). Сиёвуш Асроров, 85 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 86 (4:0).

 

«ВАХШ» «ХАЙР» 1:1

Голҳо: Кароматулло Саидов, 45+1 (1:0). Муҳсинҷон Парпиев, 65 (1:1).

 

12 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

КМВА «ПОМИР» «БАРҚИ ТОҶИК»

СардоварБаҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

«ПАРВОЗ» «РАВШАН»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

 

13 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«ХУДЖАНД» «РЕГАР-ТАДАЗ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 12 1 0 49-2 37
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 12 8 3 1 24-8 27
3 «Равшан» (Кӯлоб) 12 7 2 3 25-22 23
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 12 6 5 1 18-8 23
5 «Хайр» (Ваҳдат) 13 6 3 4 17-23 21
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 12 4 2 6 8-14 14
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 13 3 3 7 14-22 12
8 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 12 2 2 8 10-22 8
9 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 13 1 4 8 4-25 7
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 12 0 1 11 3-26 1

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 14 гол, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 11 голФатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол») – 8 гол, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 7 гол, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан») – 5 голӣ.

Добавить комментарий