Лигаи футболи Тоҷикистон логотипи навашро пешниҳод сохт – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи Тоҷикистон логотипи навашро пешниҳод сохт

Лигаи футболи Тоҷикистон қарор кард, ки бренди худро тағйир карда, логотипи навашро барои истифода дар бозиҳои қисми дуюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ пешниҳод созад.

Логотипи нави Лигаи футболи Тоҷикистон тамоман дизайни нав дорад, ки дар муқоиса бо логотипи қаблӣ хеле замонавӣ мебошад.

Қарор оиди илова намудани тасҳеҳ (корректировка) ба логотипи Лигаи футболи Тоҷикистон дар мувофиқат бо мушовирони ФИФА, департаменти маркетинги Лига ва Федератсияи футболи Тоҷикистон қабул карда шуд.

Логотипи нави Лига дар яке аз муваффақтарин дизайн студияи мамлакат – «Устодизайн» коркард шудааст. Услуби нав саҳифаи тозае дар рушду инкишофи футболи бошгоҳии кишвар мебошад.

Дар логотипи нави Лигаи футболи Тоҷикистон шери форсии болдор ҳаккокӣ шудаст, ки он рамзи ҷавонмардиву мардонагӣ ба ҳисоб меравад. Тарҳи нав дар тамоми ашёҳои коммуникатсионии Лига бо мақсади пешрафти он истифода хоҳад шуд.

Лигаи футболи Тоҷикистон мақсад дорад, ки футболи бошгоҳии кишварро ба сатҳи баландтар барорад.

«Мо дар назди худ вазифаву мақсадҳои ҷиддӣ ва баландро гузоштаем, – мегӯяд менеҷери Лига Алишер Урунов. Аллакай, дар солҳои ояндаи наздик шумо натиҷааашро хоҳед дид. Футболи бошгоҳӣ дар ҳаёти футболии кишвар мақоми баланд дорад. Беҳуда намегӯянд, ки чемпионати пурқувват – мунтахаби пурқувват».

Қобили қайд аст, ки маҷмааи савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе  сарпарасти унвонии Лигаи футболи Тоҷикистон  мебошад. Ба наздикӣ барои тамоми мухлисони футбол аз ҷониби ин маҷмааи савдо хизматрасониии нодир ва тахфиф роҳандозӣ карда мешавад, ки онҳо метавонад васеъ истифода кунанд.

logologo2

Добавить комментарий