Лигаи дуюми Тоҷикистон: қисми якум анҷом ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи дуюми Тоҷикистон: қисми якум анҷом ёфт

Дар ду минтақаи ҷумҳурӣ – Суғду Рашт бозиҳои қисми якуми лигаи дуюми Тоҷикистон анҷом шуданд.

Аз рӯи натиҷаи қисми якуми мусобиқа дар минтақаи суғдӣ “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен пешсаф аст. Даста аз шаш бозӣ 16 имтиёзро соҳиб шудаст. Ҷои дуюмро “Оли Сомон”-и ноҳияи Мастчоҳ бо 13 имтиёз ишғол мекунад. Дастаҳои “Ҷавонон” ва “Шаҳристон” бо 9 имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум қарор доранд.

“Меҳргон”-и Нуробод бо 11 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа дар минтақаи Рашт меистад. “Сурхоб”-и Ҷиргатол бо 9 имтиёз зинаи дуюмро иш-ол мекунад. “Роғун”-и Роғун бо 8 имтиёз дар ҷои сеюм қарор дорад.

 

Лигаи дуюми Тоҷикистон:

Минтақаи Суғд

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Спитамен» (Спитамен) 6 5 1 0 20-6 16
2 «Оли Сомон» (Мастчоҳ) 6 4 1 1 19-8 13
3 «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) 6 3 0 3 15-12 9
4 «Шаҳристан» (Шаҳристан) 6 3 0 3 15-16 9
5 «Зафаробод» (Зафаробод) 6 2 0 4 10-14 6
6 «Ашт» (Ашт) 6 2 0 4 14-20 6
7 «Қайроққум» (Қайроққум) 6 1 0 5 6-23 3

НишонзанҳоФаррух ТУХТАБОЕВ («Спитамен») – 9 гол, Ихтиёр САИДАЛИЕВ («Оли Сомон»), Парвиз ҒОИБОВ («Шаҳристон») –  6 голӣ, Дилмурод ДОНАЕВ («Ашт») – 5 гол, Хуршед АБДУРАҲМОНОВ («Ҷавонӣ»), Қурбонмаҳмад РАҲМАТОВ («Оли Сомон») –  4 голӣ.

 

Минтақаи Рашт

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Меҳргон» (Нуробод) 5 3 2 0 12-4 11
2 «Сурхоб» (Ҷиргатол) 5 3 0 2 9-6 9
3 «Роғун» (Роғун) 5 2 2 1 9-5 8
4 «Чашма» (Тоҷикобод) 5 2 0 3 7-15 6
5 «Рашт» (Рашт) 5 1 2 2 6-8 5
6 «Тавилдара» (Тавилдара) 5 1 0 4 7-12 3

Добавить комментарий