ЛФТ санаи равзанаи трансфериро барои мавсими соли 2017 муайян кард – Федерация Футбола Таджикистана

ЛФТ санаи равзанаи трансфериро барои мавсими соли 2017 муайян кард

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи равзанаи трансфери зимистона ва тобистонаро барои клубҳои Лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими футболи соли 2017 муайян кард.

Ба иттилои директории генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов давраи якуми бақайдгирӣ то 1-уми моҳи март давом мекунад. Клубҳои футболи кишвар имконият доранд бозигарони легионеро баъд аз гирифтани «ITC» (International Transfer Certificate) то 25 март номнавис кунанд. Тобистон бошад клубҳо метавонанд футболбозони навро дар давраи аз 7 то 31 июл ба ҳайати худ шомил гардонанд.

Лигаи олии Тоҷикистон, ки аз рӯи ҳисоб 26-ум маҳсуб меёбад бо иштироки ҳашт даста аввали моҳи март шурӯъ шуда, охири октябр ва ё аввали моҳи ноябр ҷамъбаст мешавад. Бозиҳои Лигаи мазкур барои бори аввал дар се қисм доир хоҳанд шуд.

Добавить комментарий