Левченко ҳайати дастаро барои иштирок дар «CAFA Cup – U-19» номбар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Левченко ҳайати дастаро барои иштирок дар «CAFA Cup – U-19» номбар кард

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) Виталий Левченко ҳайати командаро ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» барои кишварҳои узви Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ номбар кард.

Ба рӯйхати комили Левченко 18 бозигар – 2 дарвозабон, 6 муҳофизатгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 3 ҳамлагар шомил шуданд. Ҳайати намояндаги мунтахаби ҷавонони мо, субҳи барвақти рӯзи 5 август  аз Гулистони Суғд ба Тошканд сафар мекунад.

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» барои кишварҳои иштирокчии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар гурӯҳи «В» муқобили ҳамсолони худ аз Туркманистон (6 август) ва Эрон (7 август)  бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи «А» бошад мунтахабҳои ҷавонони Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон баромад хоҳанд кард.

Аз рӯи ҷамъбасти натоиҷи бозиҳо ғолибони гурӯҳ дар бозии финалӣ вомехӯранд. Дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои медалҳои биринҷии мусобиқа бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳои зинаҳои охирони гурӯҳҳо бошанд  барои мақоми таскинбахши панҷум  бо ҳамдигар рақобат мекунанд.

Бозиҳои мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» барои кишварҳои иштирокчии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар варзишгоҳҳои «Жар» ва «Пахтакор» дар Тошканд баргузор хоҳанд шуд.

 

Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19):

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев, Фатҳулло Бобоев («Ҳосилот»);

Муҳофизон: Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Қувватбек Равшанбеков, Алишери Ҳотам, Зиёвуддин Фузайлов, Ҳусейн Нурматов, Зоир Ҷурабоев (ҳама аз «Барқчӣ»);

Ниммуҳофизон: Хоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Худойдод Узоков («Вахш»), Муҳсинҷон Парпиев («Хайр»), Эҳсони Панҷшанбе, («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов,  Муҳаммадҷони Ҳасан (ҳама аз «Барқчӣ»);  

Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов, Амирҷон Сафаров (ҳарду аз «Барқчӣ»), Рустам Толибов (КМВА «Помир»);

Ҳайати роҳбарикунанда: Меҳроҷиддин Холов – менеҷер, Виталий Левченко – сармураббӣ, Рустам Хоҷаев – мураббии калон, Алишер Тухтаев – мураббӣ, Амоншо Содатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Абдусаттор Қаландаров – духтур, Иброҳим Валиев – маъмур.

 

Тақвими мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19»:

Даври 1-ум

6 август (шанбе)

16:00 – Узбекистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи «Жар»

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Туркманистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»

 

Даври 2-юм

7 август (якшанбе)

16:00 – Афғонистон – Узбекистон. Варзишгоҳи «Жар»

18:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи «Пахтакор»

 

Даври 3-юм

8 август (душанбе)

16:00 – Қирғизистон – Афғонистон. Варзишгоҳи «Жар»

18:00 – Туркманистон – Эрон. Варзишгоҳи «Пахтакор»

 

9 август (сешанбе)

Бозӣ барои ҷои 5-ум

11:00 – А3 – В3. Варзишгоҳи «Жар»

 

Бозӣ барои ҷои 3-юм

16:00 – А2 – В2. Варзишгоҳи «Жар»

 

Финал 

18.00 – А1 – В1.  Варзишгоҳи «Пахтакор»

Добавить комментарий