Легионерони мо: голи Умедҷон Шарипов дар ҳайати “Машъал”-и Узбекистон – Федерация Футбола Таджикистана

Легионерони мо: голи Умедҷон Шарипов дар ҳайати “Машъал”-и Узбекистон

Ниммуҳофизи 24-солаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Умедҷон Шарипов, ки айни замон дар клуби футболи “Машъал”-и Узбекистон бозӣ дорад, рӯзи 21 май дар бозии марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми Узбекистон муқобили дастаи “Язъяван-Лочинлари” ба задани гол муваффақ шуд. Бозӣ бо ҳисоби калони 4 бар 0 ба фоидаи командаи легионери тоҷик анҷом ёфт. “Язъяван-Лочинлари” дар Лигаи якуми Узбекистон баромад мекунад.

Дар ин дидор Умедҷон Шарипов дар ҳайати ибтидоӣ ба майдон баромада, дар дақиқаи 53 пеналтиро ба нишон расонд.

Қобили қайд аст, ки баъд аз 11 давр дастаи “Машъал”, ки дар он футболбози тоҷик баромад дорад, бо 15 имтиёз дар байни 16 даста мақоми ҳаштумро ишғол менамояд.

То ба ҳайати “Машъал” гузаштан, Умедҷон Шарипов дар ҳайати клубҳои футболи “Истиқлол” (Душанбе) ва “Вахш” (Қӯрғонтеппа) баромад кардаст.

Добавить комментарий