“Ласточка” – ғолиби мусобиқаи футболи занона – Федерация Футбола Таджикистана

“Ласточка” – ғолиби мусобиқаи футболи занона

Имрӯз, 28 сентябр, дар Варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои футболи занонаи кишвар, бо ғалабаи дастаи “Ласточка”-и Душанбе поин шуд. Дар бозии финалӣ шогирдони Сулаймон Бобокалонов бар дастаи футболбоздухтарони “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 ғалаба карданд.

Дар мусобиқа шаш даста ширкат намуданд, ки дар марҳилаи пешакӣ ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ мутобиқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуданд. Дар гурӯҳи “А” ҷои аввалро “Ласточка”-и Душанбе ишғол намуд. Футболбоздухтарони пойтахт бар дастаи “Барқ”-и шаҳри Норак бо ҳисоби 3 бар 0 ва ба дастаи “Сарбанд”-и ноҳияи Спитамен бошад, бо ҳисоби бузурги 16 бар 0 дастболо шуданд.

Дар гурӯҳи “В” футболбоздухтарони “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 8 бар 1 ва ба дастаи футболбоздухтарони “Регар-ТадАз” бо ҳисоби 4 бар 0 пирӯз шуданд.

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқа, дастаи “Барқ”-и Норак дастаи футболбоздухтарони “Регар-ТадАз”-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузурги 6 бар 1 шикаст дод. Барои унвони чемпионӣ ва медалҳои тиллои мусобиқа дастаҳои “Ласточка”-и Душанбе ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 5 бар 1 ба фоидаи футболбоздухтарони Душанбе анҷом ёфт.

Баъд аз анҷоми бозии финалӣ маросими ботантанаи мукофотонии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа баргузор гардид.

Нигора Ҳайдаралиева аз «Ласточка» беҳтарин дарвозабон, Зулайхо Сафарова аз «Регар-ТадАЗ» беҳтарин муҳофизатгар,  Лайло Ҳалимова аз «Вахш» беҳтарин ниммуҳофизатгар ва Ҷонона Ҳалимова аз «Барк» беҳтарин ҳамлагар шинохта шуданд. Гулсунбӣ Шарипова аз “Ласточка”-и пойтахт беҳтарин бозигари мусобиқа ва Мадина Фозилова бошад, бо  15 голи задааш беҳтарин ҳамлагари сабқат эътироф шуд.

Добавить комментарий