«Ласточка» – ғолиби мусобиқаи футболи занона шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Ласточка» – ғолиби мусобиқаи футболи занона шуд

Дастаи футболи “Ласточка”-и Душанбе зери роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи занона бахшида ба Рӯзи байналмилалии Модарон – 8 Март ғолиб гардид. Мусобиқа бо иштироки ҳашт даста давоми чор рӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дастаҳои футболи “Ласточка” –и Душанбе ва “Вахш”-Қӯрғонтеппа ғолиб шуда ба бозии финалӣ роҳхат гирифтанд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ ин дастаҳо дар ҳар се бозиҳо ғолиб омаданд. Дар бозии финалӣ бошад, дараҷаи касбии баландтари футболбоздухтарони пойтахт баръало дида мешуд. Дар натиҷа “Ласточка” бо ҳисоби калони 5 бар 1 ғолиб шуд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) бар дастаи “Барқ” (Норак) бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз гардид. Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) имсол дар чемпионати минтақавии Осиё иштирок хоҳад кард.

Дар маросими ҷамъбаст ва мукофотонӣ ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷому медалҳо, диплому ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои арзишдор сарфароз гардонида шуданд. Дарвозабон – Адолат Комилова («Вахш»), муҳофизатгар – Нилуфар Абдулҳаева (мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон U-14), ниммуҳофизатгар – Шаҳноза Бобоева («Зебо»), ҳамлагар – Меҳрангез Шарипова («Вахш»), нишонзан – Мадина Фозилова («Ласточка») дар амплуаҳои худ беҳтаринҳои мусобиқа эътироф шуданд. Ҷоизаи беҳтарин бозигари мусобиқаро бошад Наталя Сотникова аз “Ласточка” соҳиб шуд.

 

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Модарон байни дастаҳои футболи занона

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Барқ» (Норак) – 3:0

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – 1:5

Даври 2-юм

«Барқ» (Норак) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 0:4

Даври 3-юм

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 0:6

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – «Барқ» (Норак) – 1:1

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 3 3 0 0 13-0 9
2 Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) 3 1 1 1 6-6 4
3 «Барқ» (Норак) 3 1 1 1 2-5 4
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 0 0 3 2-12 0

 

Гурӯҳи «Б»

Даври 1-ум

«Зебо» (Дӯстӣ) – «Ситора» (Фархор) – 2:0

«Ласточка» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 9:1

Даври 2-юм

«Зебо» (Дӯстӣ) – «Ласточка» (Душанбе) – 0:9

«Ситора» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1

Даври 3-юм

«Ласточка» (Душанбе) – «Ситора» (Фархор) – 13:0

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Зебо» (Дӯстӣ) – 1:3

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Ласточка» (Душанбе) 3 3 0 0 31-1 9
2 «Зебо» (Дӯстӣ) 3 2 0 1 5-10 6
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 0 1 2 3-13 1
4 «Ситора» (Фархор) 3 0 1 2 1-16 1

 

Бозӣ барои ҷои сеюм

Мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-14) – «Зебо» (Дӯстӣ) – 3:0

Финал

«Вахш» – «Ласточка» – 1:5

Добавить комментарий