Курси омӯзишӣ барои донишҷӯён – Федерация Футбола Таджикистана

Курси омӯзишӣ барои донишҷӯён

Шӯъбаи техникии Федератсияи футболи мамлакат барои донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов ва коллеҷҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе давоми чор рӯз машғулият (курс) гузаронид.

Курсро ҷонишини директори шӯъбаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Боир Игамбердиев роҳбарӣ намуд. Барномаи таълимии курс назарияву методикаи қоидаҳои бозӣ ва ташкилу гузаронидани тамринҳо дар майдончаҳои футболбозии мактабҳо ва толорҳои варзиширо дар бар мегирифт.

Дар курс бештари 20 нафар шунавандагон иштирок карданд. Дар анҷоми курс ба ҳамаи шунавандагон сертификати иштирокчӣ дода шуд.

SAMSUNG CAMERA PICTURES

Добавить комментарий