Курси мураббиёни футзал шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Курси мураббиёни футзал шурӯъ шуд

Имрӯз, 21 июл, дар  маркази беҳдошти саломатии “Шоҳин”-и шаҳри Қайроққум курси мураббиёни футзал дар зери ҳимояи Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) оғоз шуд.

Дар курси мазкур, ки аз 21 то 25 июл давом мекунад, 30 нафар мураббиёни футзали ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Роҳбарии курсро дастурдиҳандаи ФИФА ва КФО Вай Чунг Тсанг аз Ҳонконг ба зимма дорад. Мавсуф 54 сол дошта, замоне мунтахабҳои миллии футзали Ҳонконг ва Кореяи Ҷанубиро ба ҳайси сармураббӣ роҳбарӣ кардааст.

Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи курс ноиби аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Ақдодов ва сардори шӯъбаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев меҳмони ҳонконгӣ ва шунавандагони тоҷикро самимона шодбош гуфтанд. Барномаи курс машғулиятҳои назариявию амалиро дар бар мегирад.

Дар курс мураббиёни зерини футзал ширкат мекунанд: Амир Тӯраев, Шавкат Иброҳимов, Абдумалик Ғаффоров, Ғулом Маҳмудов, Дилшод Абдуллоев, Равшан Юсуфҷонов, Ҳусейн Ҷалолов, Шероз Ҷӯраев, Ризвон Юнусов, Муҳаммад Рабонӣ, Абдуқаҳор Шарипов, Баҳром Ярматов, Фазлиддин Умаров, Далер Ғаффоров, Зафар Раҳмонов, Увайдо Давлатбеков, Пайрав Воҳидов, Насим Набиев, Ҳикмат Фузайлов, Акбар Абдуллоев, Илҳом Икромов, Зоир Содиқов, Муҳаммад Шодизода, Фурқат Аҳмадҷонов, Елчибек Елчибеков, Фирдавс Абдуллоев, Сӯҳроб Раҳмонов ва Далер Наимов.

futsal14futsal10futsal4futsal6

Добавить комментарий