Курси мураббигарӣ барои волидайн – Федерация Футбола Таджикистана

Курси мураббигарӣ барои волидайн

Бо кӯмаки шӯъбаҳои техникӣ ва футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи мамлакат аз 25 то 27 июл дар шаҳри Душанбе курси махсуси муҷаввизи дараҷаи “Р” барои мураббӣ-волидайнҳо гузаронида мешавад.

Баъд аз анҷоми курси серӯза ба шунавандагон шаҳодатнома (сертификат) дода мешавад. Шаҳодатномаи мазкур ба онҳо иҷозаи ба кӯдакони синнашон аз 6 то 10 сола дар шароитҳои хонагӣ омӯзонидани донишҳои аввалияи футболро медиҳад. Онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар майдончаҳои футболбозии мактаб ва кӯчаҳо кӯдаконро тамрини футбол кунанд.

Хоҳишмандон барои номнавис шудан метавонанд бо телефонҳои 911100017 (Владимир Домлоҷонов) ва ё 911100016 (Эраҷ Носеҳов) дар тамос шаванд.

Добавить комментарий