Имрӯз, 23-юми апрел, дар Душанбе Курси байналмилалии ФИФА оид ба футболи оммавӣ «Grassroots» шурӯъ шуд.
Курси мазкур се рӯз идома ёфта, дар он 20 нафар дастурдиҳандагони маҳаллӣ, мутахассисон ва мураббиёни дастаҳои футболи кӯдакона аз тамоми манотиқи кишвар донишҳои амалӣ ва назариявии худро сайқал медиҳанд. Роҳбари курс дастурдиҳандаи ФИФА оиди футболи оммавӣ Александр Чернухо аз Ҷумҳурии Белорус мебошад.
Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев ширкаткунандагони курсро хайра мақдам гуфта, ба онҳо дар давоми курс фаъолияти пурсамарро таманно намуд.
Дастурдиҳандаи ФИФА Александр Чернухо бошад, баромади худро дар ҷаласаи ифтитоҳи курс чунин оғоз намуд: «Салом алейкум! Ман бисёр хурсандам, ки боз бо шумо вомехӯрам. Чунин машғулиятҳо манфиати зиёд доранд. Мураббиёни дастаҳои кӯдакона ва дастурдиҳандагон маълумоти бештар ҳосил карда, дониши худро такмил медиҳанд».
Дар рӯзи аввали машғулиятҳо дастурдиҳандагон ба барномаи ФИФА шинос шуда, фалсафаи футболи кӯдакона-оммавӣ, тарзи ташкилу баргузор гардонидани фестивалу мусобиқаҳоро байни кӯдакон аз худ менамоянд ва инчунин маърӯзаи дастурдиҳандаи ФИФА-ро оиди футболи оммавӣ «Grassroots» аз худ мекунанд.
Семинари таълимии мураббиён аз се қисм: назариявӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ-тамринӣ ва ташкили фестивали футболии кӯдакона-оммавӣ иборат аст.
Дар фестивале, ки рӯзи ҷамъбасти курс доир мегардад, кӯдакони аз 8 то 12 сола иштирок карда, вазифаву супоришҳои мураббиёни иштирокчии курсро иҷро менамоянд.