Курс барои мураббиёни футзал – Федерация Футбола Таджикистана

Курс барои мураббиёни футзал

Шӯъбаи маълумоти мураббигарии Федератсияи футболи Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои гузаштани курси мураббиёни футзал – «AFC Futsal Level 1» эълон мекунад.

Курси мазкур аз ҷониби Конфедератсияи футболи  Осиё аз 14 то 19 март дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд. Ба мураббиёне, ки барномаи таълимии курсро бомуваффақият аз худ мекунанд, муҷаввизи (литсензияи) мураббигарии «Level-1» супорида мешавад.  Барномаи таълимии курс аз машғулиятҳои назариявию амалӣ иборат аст.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба телефонҳои 911-10-00-20 (Елчибек Елчибеков), 911-07-00-07 (Фурқат Ахмедҷонов) дар тамос шавед.

Добавить комментарий