Кумитаи интизоми ФФТ “Ҳосилот”, “Барқчӣ” ва “Регар-ТадАЗ”-ро ҷарима баст – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи интизоми ФФТ “Ҳосилот”, “Барқчӣ” ва “Регар-ТадАЗ”-ро ҷарима баст

Имрӯз, 19 май, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тољикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ баргузор шуд ва дар он қарорҳои зайл қабул карда шуданд:

– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои ҷорӣ оиди варзишгоҳҳо) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Ҳосилот”  — “Истиқлол” (12 май) дастаи “Ҳосилот” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои ҷорӣ оиди варзишгоҳҳо) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Барқчӣ”  — КМВА “Помир” (14 май) дастаи “Барқчӣ” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 30 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иштирок накардан дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Барқчӣ”  — КМВА “Помир” (14 май) сармураббии дастаи “Барқчӣ” Виталий Левченко ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 34 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (набудани логотипи ФФТ ва ЛФТ дар либосҳои бизикунӣ) дар бозии ҳайати ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои КМВА “Помир”  —  “Реагар-ТадАз” (5 май) дастаи “Реагар-ТадАз” ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 7 боби 3 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии ҳайати ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои  “Вахш”  —  “Барқчӣ” (15 май) бозингари дастаи “Барқчӣ” Абубакри Хисмонзод  аз ҳақи иштирок дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– барои вайрон кардани банди 18 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳайати доварон) дар бозии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои  “Равшан”  —  “Саройкамар” (16 май) бозингари дастаи “Саройкамар” Соҳибҷон Ваҳобов  аз ҳақи иштирок дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 7 боби 3 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои  “Кӯктош”  —  “Сомон” (7 май) бозингари дастаи “Сомон” Хуршед Халилов аз ҳақи иштирок дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 7 боби 3 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои  “Барқчӣ”  —  КМВА “Помир” (13 май) бозингари дастаи “Барқчӣ” Рустам Соиров аз ҳақи иштирок дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

Добавить комментарий