Кумитаи интизомӣ Табрези Давлатмир ва Акуффо Гершонро аз ҳақи иштирок дар ду бозӣ маҳрум сохт – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи интизомӣ Табрези Давлатмир ва Акуффо Гершонро аз ҳақи иштирок дар ду бозӣ маҳрум сохт

Охири ҳафтаи гузашта якумин ҷаласаи имсолаи Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон доир шуд. Дар ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумита Тоҳир Нурзода қарорҳои зерин қабул шуданд:

 Барои халалдор кардани банди 16 боби 7 Кодекси ахлоқи ФФТ (бо роҳи дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ маҳрум кардани бозигари дастаи ҳариф аз ҳолати қуллайи голзанӣ) дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ миёни  “Хайр” – “Равшан” (10 апрел) бозигари дастаи “Хайр” Идибек Ҳабибуллоев аз ҳақи иштирок дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.

 Барои халалдор кардани банди 2 боби 6 Кодекси ахлоқи ФФТ (таҳқири ҳайати доварон) дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, миёни “Ҳосилот” – “Барқчӣ”  (10 апрел) мураббӣ-мушовири дастаи “Барқчӣ” Роман Пилипчук ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

 Барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси ахлоқи ФФТ (бо даст зарба задани ба шиками бозигари дастаи ҳариф) дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ миёни “Ҳосилот” – “Барқчӣ”  (10 апрел) бозигари дастаи “Барқчӣ” Табрези Давлатмир аз ҳақи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.

 Барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси ахлоқи ФФТ (бо даст зарба задани ба рӯйи бозигари дастаи ҳариф) дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ миёни “Ҳосилот” – “Барқчӣ”  (10 апрел) бозигари дастаи “Ҳосилот” Акуффо Гершон аз ҳақи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.

Добавить комментарий