Имрӯз, 20 май, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати раиси кумитаи интизомӣ Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатӣ баргузор шуда, дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:
– барои вайрон кардани банди 4 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (ба таъхир ҳозир шудан) дар бозии даври шашуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАз” (Турсунзода) – “Ҳосилот” (Фархор) дастаи “Ҳосилот” (14 май) ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои Низомномаи баргузории мусобиқа оиди варзишгоҳҳо) дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Ваҳдат” (Ваҳдат) — “Зарафшон” (Панҷакент) (15 май) дастаи “Ваҳдат” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Ваҳдат” (Ваҳдат) — “Зарафшон” (Панҷакент) (15 май) бозигари дастаи “Ваҳдат” Беҳрӯз Сафаров аз як бозии навбатӣ барканор карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Коммуна” (Фархор) — “Панҷшер” (Балхӣ) (15 май) бозигари дастаи “Панҷшер” Абдухалил Боронов аз як бозии навбатӣ барканор карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 7 боби 24 Кодекси интизомии ФФТ (зарба задан ба рӯи бозигари ҳариф) дар бозии даври шашуми мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАз” (Турсунзода) – “Ҳосилот” (Фархор) (14 май) бозигари дастаи “Ҳосилот” Тоҳир Зайниддинов аз ҳақи иштирок дар се бозии навбатӣ барканор карда шавад.